Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафти Амрико ҷойгоҳи Русияро дар бозор Арупо танг мекунад


Тавлиди нафти хом дар Калифорния
Тавлиди нафти хом дар Калифорния

Ҳаҷми содироти нафти Амрико ба Аврпуо аз оғози сол, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чаҳор маротиба бештар шуд. Нафти Амрико дар баробари нафте, ки кишварҳои узви ОПЕК ба Аврупо содир мекунанд, сабқати қобили эҳсосро ба вуҷуд овардааст. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи чоршанбе гузориш дод.

Ба маълумоти Tomson Reuters, истеҳсолкунандаҳои амрикоӣ дар чор моҳи аввали соли 2018 наздик ба 7 миллион тонна нафтро ба Аврупо содир карданд. Ҳаҷми содироти моҳи апрел 2,2 миллион тонна пешгӯӣ мешавад, ки рақами рекордӣ аст. Воридкунандаҳои аслии нафт - Италия, Британия, ва Нидерландия номбар мешаванд. Нафти Амрико дар ширкатҳои коркарди нафти Лаҳистон ва Норвегия мавриди озмоиш қарор дорад.

Ба гуфти коршиносон, содироти энержӣ аз Амрико, ки ҳатто бо назардошти интиқолаш бо нафти навъи Brent қобили сабқат аст, бинобар арзон буданаш мавриди таваҷҷӯҳ шудааст. Нашрияи "Ведомости" менависад, ки содироти нафти Русия ба бозорҳои Аврпуо дар ду моҳи аввали соли равон, аз ҷумла бинобар набудани талабот, ба 10 дар сад коҳиш ёфт.

Бинобар пешгӯиҳои расмӣ, соли 2018 истеҳсоли нафт дар Амрико ба 620 миллион тонна мерасад. Арабистони Саудӣ ва Русия низ тақрибан ба ҳамин қадар тавлид мекунанд.

XS
SM
MD
LG