Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишҳои эътирозӣ дар Арманистон дубора оғоз шуданд


Никол Пашинян
Никол Пашинян

Дар Ереван, пойтахти Арманистон, намоиши эътирозии тарафдорони Никол Пашинян- раҳбари ҷиноҳи мухолифин дар порлумон идома дорад. Мақомот нерӯи пулис ва техникаро дар марказ мустақар карданд.

Бузургтарин ҳизби оппозитсионии "Шугуфоии Арманистон" ва нерӯҳои дигари сиёсӣ аз тарафдоронашон даъват кардан, ки ба эътирозҳо ҳамроҳ шаванд. Намояндагони як қатор донишгоҳҳои Арманистон низ ба эътирозҳо пайвастанд.

Никол Пашинян шаби 24 апрел тавассути Фейсбук аз сокинони кишвар даъват кард, ки намоишҳои эътирозиро идома диҳанд.

Ба гуфтаи Пашинян, мақомоти Арманистон талош доранд, аз истеъфои сарвазир Серж Саргсян сӯистифода кунанд ва Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистонро дар қудрат нигаҳ доранд.

Пашинян гуфт, ки рӯзи чоршанбе занги иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Карен Карапетян, раиси порлумон Ара Бабалоян ва раиси ҷиноҳи аксарияти порлумон Ваграм Багдасарянро интизор мешавад.

Пештар Карен Карапетян гуфт, ки гуфтугӯи барномарезишудаи онҳо бо Пашинян баргузор намешавад, зеро раҳбари мухолифин ба таври якҷониба шартҳои нав ироа кардааст.

Пашинян мегӯяд, аз ҳизби Ҷумҳурихоҳи Арманистон набояд касе ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод шавад. Ба гуфтаи ӯ даври ҳукумронии ин ҳизб ба поён расид. Эътирозгарон мехоҳанд, ки ҳизби ҳоким комилан аз қудрат дур шавад.

Никол Пашинян бори дигар бандҳои барномаи тағйири осоиштаи қудрат дар Арманистонро такрор кард. Банди якуми барнома - истеъфои сарвазир Серж Саргсян иҷро шудааст. Бар пояи банди дувум, Маҷлиси миллии Арманистон акнун бояд "номзади мардум"-ро сарвазири нав интихоб кунад.

Серж Саргсян, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш сарвазири Арманистон интихоб шуда буд, рӯзи душанбе аз мақом истеъфо дод. Эътирозҳо бо талаби истеъфои ӯ 11 идома доштанд.

XS
SM
MD
LG