Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ёвари дабири кулли СММ ба мақомоти тоҷик


Акс: UN Photo/Manuel Elias
Акс: UN Photo/Manuel Elias

Боздиди дурӯзаи ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Эндрю Гилмор аз Душанбе ва мулоқоти ӯ бо намояндагони мақомот анҷом ёфт. Гилмор бо мақомҳои дуюм дар вазоратҳои умури хориҷӣ, адлия ва додситонии кулл, инчунин бо гурӯҳи хурди ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯҳо анҷом дод. Тамоми ҷараёни ин сафар бидуни ҳузури матбуот сурат гирифт.

Як манбаъ аз вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 15 май ба Радиои Озодӣ гуфт, Эндрю Гилмор дар ин рӯз бо Абдуманон Холиқзода, муовини аввали вазир вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, мушкили зиндониён ва шароити кори созмонҳои ҷамъиятиро матраҳ кардааст.

Ин манбаъ гуфт, ки мулоқоти Гилмор ва Холиқзода пушти дарҳои баста сурат гирифт ва тафсилоти он нашр намешавад. Дафтари намояндагии СММ дар Душанбе ҳам гуфт, ки қарор аст дар паи ин сафар Гилмор дар Ню-Йорк як баёнияи матбуотӣ нашр ва диду боздидаш аз Тоҷикистонро натиҷагирӣ мекунад.

Мулоқот дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон. Акс: mfa.tj
Мулоқот дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон. Акс: mfa.tj

Дар як баёнияе вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки Гилмор рӯзи 15 май бо муовини вазир Исматулло Насредин дидор кард. Дар хабари мухтасар гуфта мешавад, ки дар ин нишаст "ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ, таъмини ҳимоя ва риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ, инчунин 70-умин солгарди Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ибрози назар карданд".

Аз ин қабл як сухангӯи Дафтари ҳуқуқи башари СММ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Гилмор ба Душанбе бо паёме ба мақомот рафтааст. Фред Кирунги шоми 14 май аз шаҳри Ню-Йорк ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар баробари баррасии масоили марбут ба озодии баён, ҳақи озоди ташкили таҷаммӯъ, фаъолияти бемаҳдудияти расонаҳои интернетӣ, Гилмор ҳамчунин аз мақомоти тоҷик даъват хоҳад кард, ки дар амри мубориза бо терроризм мурооти ҳуқуқи башарро фаромӯш накунанд".

Сафари масъули ҳуқуқи башари СММ ба Душанбе дар марҳилае сурат мегирад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар арзёбиҳои солҳои охири СММ ва созмонҳои байналмилалии дигар интиқод мешавад. Масоили мавриди интиқоди ташкилоти мисли Human Rights Watch, Amnesty International ва дигарҳо – шиканҷаву бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳо, масъалаи зиндониҳои сиёсӣ ва набуди дастрасӣ ба додгоҳҳои шаффофу одилона мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста гуфтааст, ки ҳуқуқи башарро муроот мекунад ва дар зиндонҳои ин кишвар ҳеҷ маҳбуси сиёсӣ нигаҳдорӣ намешавад.

Ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Эндрю Гилмор ҳамчунин субҳи имруз 15-уми май дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҳудудан сад донишҷуёи риштаи ҳуқуқшиносӣ ним соат суҳбати омузишӣ анҷом додааст.

Илҳомиддин Маҳмадиев, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Эндрю Гилмор ба донишҷӯёни тоҷик аз таърихчаи қабули эъломияи ҳуқуқи башар гуфт, ки аз қабули он 70 сол сипарӣ шуд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, ҳамчунин миёни донишҷуён ва ёвари Дабири кулли СММ дар мавриди ҳуқуқи инсон табдули афкор сурат гирифтааст. “Мавзуи суҳбат аслан ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон марбут набуд. Мавзуи калидии мулоқоти Эндрю Гилмор асосан дар бораи таърихи эъломияи ҳуқуқи башар буд».

Дар рӯзи аввали боздидаш аз Тоҷикистон рӯзи 14 май Гилмор бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кард. Яке аз ширкатдорони ин мулоқот Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони "Перспектива +" ба Радиои Озодӣ гуфт, дар кори ин нишаст намояндагони чандин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, назири Эътилофи зидди шиканҷа, "Нотабене", раҳбари анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон ва дигарҳо иштирок карданд. Дар ин нишаст сӯҳбат аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва шароити кори созмонҳои масъули ҳалли ин масоил рафтааст.

XS
SM
MD
LG