Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластин сафиронашро аз чаҳор кишвари Аврупо бозмехонад


Парчами Фаластин
Парчами Фаластин

Фаластин намояндагонашро аз чаҳор кишвари Аврупо - Австрия, Маҷористон, Чехия ва Руминия барои машварат бозмехонад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Фаластин рӯзи 16-уми май дар саҳифаи расмияш хабар дод.

Гуфта мешавад, сафирони ин чаҳор кишвар дар маъракае, ки Исроил ба хотири ифтитоҳи сафорати ИМА дар Байтулмуқаддас созмон дода буд, иштирок карданд. Мақомоти Фаластин иштироки сафирони кишварҳои номбурда дар ин маъракаро нақзи қонуншҳои байналмилалӣ ва қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ мекунанд.

Рӯзи гузашта Фаластин сафири худро аз Вашингтон бозхонд.

Рӯзи 14-уми май дар ҷараёни намоиши эътирозӣ алайҳи кӯчонидани сафорати ИМА ба Байтулмуқаддас даҳҳо эътирозгари фаластинӣ дар марзи Ғазза бо Исроил кушта шуд.

Моҳи декабри соли 2017 президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи кӯчонидани сафоратхонаи Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас қарор кард. Қарори Трамп мавриди интиқоди шадиди раҳбарони давлатҳои арабӣ ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо қарор гирифт.

Фаластиниҳо қисмати шарқии Байтулмуқаддасро пойтахти давлати ояндаи худ мешуморанд. Онҳо ба дунболи эълони қарори Трамп гуфтанд, ки ҳамагуна музокироти сулҳ аз ҷониби маъмурияти Трампро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG