Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Бритониё "пулҳои чиркини" Русияро як хатар номид


Пулҳои чиркини русӣ талошҳои Бритониёро барои муқобила бо Кремлин ба ҳам мезанад ва дар пешбурди таблиғоти Путин барои тағйири низоми байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ин нукта дар як гузориши парлумонии Бритониё зикр шудааст. Дар остонаи муаррифии ин гузориш рӯзи 21 май раиси кумитаи умури байналмилалӣ Том Тагендҳет гуфт, ки “пулҳои чиркини Русия ба сиёсати хориҷии Бритониё таъсири офатбор доранд ва даромад аз тиҷорат бо Русияро ба ҳеҷ баробар мекунанд”. Гузориш бо номи “Тиллои Маскав: фасоди Русия дар Бритониё” аз ҷониби кумитаи умури байналмилалии парлумони ин кишвар таҳия шудааст.

Том Тагендҳет ҳушдор дод, ки бозорҳои Лондон ба Кремлин имконият медиҳанд, ки аз роҳи харидуфурӯши моликияти ғайримнқул дар Лондон нуфузи худро дар Ғарб паҳн кунанд. Ӯ афзуд, ки дар давоми солҳои охир Русия “аз як давлати фасодзада ба кишвари содиркунандаи бесуботӣ табдил шуд ва мавзӯи фасоду нуфуз ба масъалаи амнияти миллӣ табдил шуд”. Бритониё баъди суқути шӯравӣ ба як макони мавриди назари олигархҳову сарватмандони дигари рус табдил шуд. Талоши ҷалби маблағ ва сармояҳо ба кишвар Бритониёро амалан дар як ҳолати бад қарор медиҳад, мисле ки баъди заҳролуд шудани ҷосуси дугона Скрипал дар Салисбури рӯй дод. Лондон Маскавро масъули ин ҳодиса номид, дар ҳоле, ки Кремлин ин ҳамаро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG