Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кудрин раиси Палатаи ҳисоби Русия шуд


Президенти Русия Владимир Путин ба баррасии Думаи давлатӣ номзадии Алексей Кудринро пешбарӣ кард, ки ба мақоми раиси Палатаи ҳисоб таъин мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Русия хабар дод. Рӯзи 21 май Шӯрои Дума тартиби баррасии тахини Кудрин ба ин мақомро мушаххас мекунад. Кудрин дар ин мақом Татяна Голиковаро иваз мекуанд, ки бо сабаби таъин шуданаш ба мақоми муовини нахуствазир курсии раиси Палатаи ҳисобро тарк кард.

Рӯз 14 май Кудрин ба хабарнигорон гуфт, ки пешниҳоди ҳизби “Русияи воҳид”-ро қабул кард. Ӯ гуфт, ки як ҳадафаш дар мақоми нав мубориза бо коррупсия аст. Баъди солҳо дур шудан аз Путин, вазифаи нав Кудринро ба президент аз назари вазифаи давлатӣ наздиктар мекунад.

Дар солҳои аввали президентии Путин дар солҳои 2000 то 2008 Кудрин дар вазифаи вазири молия барои ба эътидол овардани бахши молия ва ҷалби сармояҳои бештар хеле мусоидат кардааст. Соли 2011 ба мақоми нахуствазири Медведев нишаст ва дар ҳамон давра муносибати нахуствазир ва вазири молия бад шуд. Бо ин ки Кудрин ба бисёр чизҳо назари интиқодӣ дорад, ӯро яке аз шахсони наздик ва ҳамфикри Путин меноманд.

XS
SM
MD
LG