Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суннате, ки ДИИШ "ҳаром" хонда буд, эҳё мешавад. ВИДЕО


Баъди озод кардани шаҳри Мавсил аз дасти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” сокинони шаҳр баъзе анъанаҳои қадимии Рамазонро эҳё мекунанд, ки ҷангҷӯён онро куфру гуноҳ эълон карда буданд. Яке аз ин суннатҳо бо садои табл бедор кардани сокинон барои саҳархӯрӣ аст, ки “мессаҳаратӣ” ном дорад.

Имсол вазъ беҳтар аст. Мардуми зиёди хайрхоҳ ва созмонҳо пушти дарамон омада, ба мо пулу ғизо медиҳанд.

Ройон Холидӣ, сокини шаҳри Мавсил, мегӯяд, “мессараҳатӣ” дар аҳди ДИИШ аз байн рафт, чун онро гуноҳ медонистанд. Баъди озодии шаҳр хостем, ин анъанаро эҳё кунем, то мардуми Мавсил дигарбора таббасум кунанд. Бо вуҷуди технологияҳои нав хостем, ин анъанаи бостонӣ дигарбора зинда шавад.”

Баъди 9 моҳи ҷангҳои сахт ва озодии мавсил дар моҳи июли соли гузашта ин аввалин Рамазон дар Мавсил аст. Дар аҳди сесолаи ДИИШ дар шаҳр тамоми анъанаҳои мардумии Рамазон манъ буд, ҳатто гузоштани мизи ифтор барои мардуми фақир.

Аҳмад Усома, маъмури як созмони имдодӣ, мегӯяд, “мо ба тақсими 750 сабади хӯрок шурӯъ кардем. Иншооллоҳ, рӯзҳои оянда ҳам гузоштани мизи ифтор барои рӯзадоронро идома медиҳем.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Расме, ки ДИИШ "ҳаром" хонда буд, эҳё мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Ба ном хилофати ДИИШ дар Мавсил доғи зиёде гузошт. Бахусус дар ғарби шаҳр. Як оилаи фирорӣ аз дасти ифротиён бори аввал аст, ки ба хонаи нимавайрона баргаштааст.

Абдулкарим Ҳасан, сокини шаҳри Мавсил, “пеш ду бор азон медоданд, ки бедор шавем ва рӯза бигирем. Аммо ДИИШ ҳама масҷидро ба ғайр аз масҷиди Завра вайрон кард. Баъди ин, бисёр вақт бе саҳархӯрӣ рӯза мегирифтем.”

Ум Маҳмуд, сокини шаҳри Мавсил, мегӯяд, “имсол вазъ беҳтар аст. Мардуми зиёди хайрхоҳ ва созмонҳо пушти дарамон омада, ба мо пулу ғизо медиҳанд. Мо ҳатто хона надоштем, шукри Худо, бароямон як хона ёфтанд.”

Дар замони ҳукмронии ДИИШ, истифодаи сигор, қалён ва шароб мамнӯъ буд. Занон зери бурқаи сиёҳ буданд ва аҳёнан ба кӯча мебаромаданд. Аммо имсол зиндагӣ дар Мавсил ба зиндагии воқеан шаҳрӣ табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG