Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Медведев бо сафари расмӣ ба Душанбе омад


Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия шаби гузашта бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Тибқи иттилои расмӣ, оқои Медведевро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нахусвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар мақомоти расмӣ, пешвоз гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар ин сафар Дмитрий Медведев бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазир Қоҳир Расулзода, мулоқоту гуфтугӯ намояд. Дар чаҳорчӯби ин сафар ӯ дар нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳам иштирок мекунад.

Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем” посух додааст.

Сафари Медведев ба Тоҷикистон бори нахуст баъди тасдиқи номзадии ӯ ба ҳайси раиси ҳукумати Русия дар пайи интихоботи президентии соли ҷорӣ хоҳад буд.

Хабаргузории русии "Интерфакс" дар остонаи ин сафар навишт, ки интизор меравад ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, энержӣ, боркашонӣ, кишоварзӣ ва муҳоҷират баҳсу гуфтугӯ кунанд.

Русия яке аз муҳимтарин шарикони иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва саҳми Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 23, 6 дарсадро (соли 2017) ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони тиҷорат байни ду кишвар ба 207,1 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Бузургтарин тарҳи сармоягузории Русия дар Тоҷикистон ин нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда-1 мебошад. Ба навиштаи "Интерфакс" бо такя ба дафтари матбуоти нахуствазири Русия, ин нерӯгоҳ саҳми қобили таваҷҷуҳе дар таъмини иқтисоди Тоҷикистон ба энержӣ дорад ва 12 дарсад аз маҷмӯи умумии тавлидоти барқ дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Яке аз бахшҳои муҳими дигари ҳамкорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ин ҳамкориҳои дифоӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва зидди маводи мухаддир мебошад ва бо дар назар гирифтани чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон вуҷуд дорад, ба ин бахшҳо авлавият дода мешавад.

"Ҳузури низомии мо дар Тоҷикистон -- аз ҳама ҳузури густурда дар хориҷ аз Русия, як омили калидӣ барои субот ва амният дар минтақаи Осиёи Миёна боқӣ мемонад ва посухгӯи манфиати ҳама шарикон дар Созмони Паймони Амнитяи Дастҷамъӣ мебошад"-, гуфтаанд ба "Интерфакс" дар дафтар матбуоти нахуствазири Русия.

Интизор меравад, ки масъалаи муҳоҷират яке аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯҳои Дмитрий Медведев бо мақомоти тоҷик бошад. Ҳамасола беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд ва мақомоти рус мегӯяндя, ки вазъи қонунии иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия назар ба гузаштаҳо беҳтар шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳоло дар муносибатҳои ду кишвар чанд нуқтаи муҳиме ҷой дорад -- аввал ин, ки Тоҷикистон марзи ҷанубии кишварҳои ИДМ мебошад ва Русия дар ин амр кӯмакҳои зиёди ба вижа ҳарбӣ ба Тоҷикистон мерасонад. Дуввум, дар Русия ҳудуди миллион муҳоҷири кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва маблағи онҳо як даромади аслии миллии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аз сӯи дигар, Русия аз соли 2014 – замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

Сергей Лавров моҳи ноябри соли 2017 дар як суханронӣ дар донишгоҳи ADA-и шаҳри Боку гуфт, иттиҳод як созмони боз аст ва ҳамеша ҷонибдори пайвастани кишварҳои нав ба узвияти он мебошад. Ӯ афзуд, айни замон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастани Тоҷикистон дар ҳоли баррасист. Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем” посух додааст.

XS
SM
MD
LG