Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду рӯзи дигар – то мулоқоти таърихии Трамп бо Ким Чен Ун. ВИДЕО


Вазорати умури хориҷии Сингапур эълон кард, ки Ким Чен Ун – раҳбари Куриёи Шимолӣ – барои мулоқот бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Сингапур расидааст.

  • Интизор меравад, ин мулоқоти таърихӣ 12-уми июн баргузор шавад. Қаблан Доналд Трамп як дафъа дар мавриди лағви мулоқот бо Ким Чен Ун суҳбат карда, аммо дубора рӯи тасмими аввали худ бозистода буд.

Вивиан Балакришнан, вазири умури хориҷии Сингапур, бо нашри як акси Ким Чен Ун дар шабакаи иҷтимоии “Твиттер” гуфт, ӯ раҳбари Куриёи Шимолиро пешвоз гирифтааст. Ба қавли ӯ, мулоқоти байни Ким Чен Ун ва Ли Ҳусейн Лунг, нахуствазири Сингапур ба рӯзи якшанбе барномарезӣ шудааст.

Ким Чен Ун
Ким Чен Ун

Доналд Трамп, раиси ҷуҳури Амрико, низ ҷаласаи ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон дар шаҳри Квебеки Канадаро бо ҳадафи сафар ба Сингапур тарк кард. Интизор меравад, Трамп рӯзи якшанбе ба пойгоҳи ҳавоии Пая Лебар бирасад ва фардо, 11-уми июн, бо нахуствазири Сингапур мулоқот хоҳад кард.

Гуфтугӯ байни Трамп ва Ун барои 12-уми июн тарҳрезӣ шудааст ва рӯи барномаи атомии Пхенян ва талошҳо барои ғайриатомӣ сохтани нимҷазираи Куриё мутамарказ хоҳад буд.

Доналд Трамп гуфтааст, ин нишаст ягона шанси Куриёи Шимолӣ хоҳад буд. Трамп гуфтааст, дар чанд дақиқа хоҳад фаҳмид, ки Ким Чен Ун дар мавриди сарфи назар кардан аз барномаи атомии Куриёи Шимолӣ чӣ қадар ҷиддист.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Ба қавли ӯ, мақомоти Амрико ва Куриёи Шимолӣ ҳамроҳ бо мақомоти Сингапур барои омодагӣ ба хотири ин мулоқот кор кардаанд. Дар ин сафар оқои Трампро Майк Помпео, вазири умури хориҷӣ, Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллӣ, Ҷон Келли, раиси дафтар ва Сара Сандерс, масъули дафтари матбуотии Кохи Сафед ҳамроҳӣ мекунанд.

Кишвари бетараф Сингапур дар гузашта низ аз ҷаласаҳои байналмилалиро дар сатҳи олӣ мизбонӣ кардааст. Сингапур яке аз 48 кишвари ҷаҳон аст, ки Куриёи Шимолӣ дар онҷо сафорат дорад.

Президенти ИМА барои мулоқот бо раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Сингапур ташриф овард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

XS
SM
MD
LG