Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ омода мешавад


Бори охир аҳолии Тоҷикистон соли 2010 ба рӯйхат гирифта шуд

Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Комиссиюни давлатии мусоидати барӯйхатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷаласаро нахуствазир Қоҳир Расулзода барпо кард, ки раҳбарии ин комиссиюнро ба ӯҳда гирифтааст.

Барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 барпо мешавад ва дар ҷараёни он, ба қавли Расулзода, ба ҷуз шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон, инчунин маълумот оид ба суръати афзоиши аҳолӣ, таносуби гурӯҳҳои аҳолӣ аз рӯи ҷинсият, синну сол, нишондиҳандаҳои таваллуд ва фавт, шуғл, маълумот ва ғайра сабт мешавад. Ин маъракаи фарогир, ки дар тамоми куҷу канори кишвар барпо мешавад, дар доираи Барномаи умумиҷаҳонии барӯихатгириҳои аҳолӣ ва фонди манзил барпо мешавад, ки аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ амалӣ хоҳад шуд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ бори охир соли 2010 баргузор шуд. Маъракаи нав дар ҳоле барпо мешавад, ки охири моҳи маи соли ҷорӣ мақомот дар бораи аз марзи 9 миллион нафар убур кардани шумори шаҳрвандони Тоҷикистон хабар доданд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 14-уми ноябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG