Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Гурҷистон истеъфо дод


Гиорги Квирикашвилӣ

Гиорги Квирикашвилӣ, нахуствазири Гурҷистон, дар пайи чанд тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар он кишвар ба истеъфо рафт.

Квирикашвилӣ рӯзи 13-уми июн дар эъломияе тасмими худро асосан ба “якдигарнофаҳмӣ” бо раҳбари ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷӣ” Бидзина Иванишвилӣ рабт дод.

Моҳи майи имсол ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳои Тифлис, пойтахти Гурҷистон баромада, хостори истеъфои вазири умури дохилӣ ва нахуствазири он кишвар шуданд. Онҳо ба амалиёти зидди маводи мухаддири пулис дар ду клуби шабонаи машҳур эътироз карданд.

Вазорати умури дохилии Гурҷистон гуфта буд, ки ҳашт тоҷири маводи мухаддирро аз як клуби шабона боздошт кардааст.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 14-уми ноябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG