Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария $700 млн пули Гулнора Каримоваро бармегардонад


Расонаҳои Швейтсария навиштанд, ки ин кишвар тасмим гирифт, 800 миллион франки швейтсарии мутааллиқ ба Гулнора Каримоваро ба Узбекистон баргардонад.

Додситонии Швейтсария 22-юми майи имсол қарор кард, ки аз 800 миллион франки ҳабсшуда 686.7 миллионаш ба Тошканди расмӣ баргардонда шавад.

Додситонӣ гуфтааст, ки маблағҳо ба "шавҳари пешин ва дӯсти наздик"-и Гулнора Каримова тааллуқ доранд.

Ба эҳтимоли зиёд, ин маблағҳо ба Рустам Мадумаров - шавҳари пешини Гулнора - ва ёвари вай Гаянэ Авакян рабт доранд. Дар ҳоли ҳозир ин ду нафар дар Узбекистон мутаносибан 14 ва 13 сол зиндонӣ шудаанд.

Додситонии Швейтсария мегӯяд, Мадумаров ва Авакян ризоият додаанд, ки маблағҳо аз онҳо мусодира ва ба ҷониби Узбекистон таслим карда шаванд.

Додситонӣ дар такя ба розигии Мадумаров ва Авакян дархост кард, 866.7 миллион франк (700 миллион доллари ИМА), ки дар бонкҳои Женева ва Сюрих дар ҳабс аст, фавран ба Ӯзбекистон баргардонида шавад.

XS
SM
MD
LG