Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз Туркманистон хост, дар низоми зиндонҳо ислоҳот анҷом диҳад


ИМА аз Маркази САҲА дар Ишқобод даъват кард, ки дар Туркманистон ба пуштибонӣ аз рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил идома диҳад.

Дар ин бора дар Вена рӯзи 18 июн Гаррӣ Кэмиен, як масъули вазорати хориҷии ИМА дар суханрониаш дар Шӯрои доимии САҲА изҳори назар кард.

"Ин гуна фаъолиятҳо ҳамоно муҳим ҳастанд, зеро мо аз вазъи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои аввалия дар Туркманистон нигарон ҳастем", - гуфт Кэмиен.

"Мақомоти Туркманистон бояд дар бораи ҳамаи зиндониҳо маълумот ва ворид шудан ба назди онҳоро иҷозат диҳанд, инчунин ба хонаводаи зиндониҳо дар бораи вазъи сиҳатии пайвандонашон хабар расонанд", - афзуд Кэмиен.

Созмонҳои байналхалқӣ мегӯянд, садҳо одам дар зиндонҳои Туркманистон беному нишон шудаанд.

XS
SM
MD
LG