Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп Чинро аз ҷанги шадидтари тиҷҷорӣ ҳушдор дод


Президенти ИМА рӯзи душанбе гуфт, агар Пекин ба вуруди молҳои амрикоӣ боҷ ҷорӣ кунад, Вашингтон ба маҳсулоти чинӣ, ки арзиши умумияшон 200 миллиард доллар аст, 10% боҷи гумрукии иловагӣ муқаррар хоҳад намуд.

“Бо ҳадафи ҳавасмандкунии Чин барои худдорӣ аз таҷрибаи ноодилонаи тиҷорӣ, боз кардани дари бозорҳои худ ба рӯи молҳои амрикоӣ ва розӣ шудан ба робитаҳои баробари тиҷорӣ бо Амрико иқдомҳои нави иловагие гирифта хоҳад шуд”, - изҳор дошт президент Доналд Трамп.

Норозигии президенти ИМА-ро асосан худдории мақомоти Чин аз ҳифзи моликияти зеҳнии Амрико ба бор овардааст. Вазорати савдои Чин ба суханҳои Трамп зуд вокуниш нишон дода, ӯро ба пеш гирифтани “сабки тамаъҷӯӣ” айбдор кард. Пекин гуфт, ба ин “фишорҳои зиёдаравона” “посухи тунд” хоҳад дод.

Ҳукумати Доналд Трамп ҷумъаи гузашта хабар дод, ки ба маҳсулоти чинӣ боҷӣ 25-дарсадӣ ҷорӣ мекунад. Пекин Вашингтонро ба “ангехтани ҷанги тиҷорӣ” айбдор карда, чораҳои ҳамсони ҷавобӣ андешид. Аз ҷумла, ба воридоти гандум, мошин ва маҳсулоти баҳрии ИМА боҷ ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG