Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон дар Киев ҳалқаи амниятиро рахна карданд


Издиҳоми эътирозгарон, аз ҷумла конканҳову тамизкорони Чернобил ва собиқадорони ҷанги Афғонистон рӯзи 19 июн дар назди бинои парлумони Украина бо полис задухӯрд карданд. Тахминан 2 ҳазор эътирозгар ҳалқаи амниятиро рахна карда талош карданд, ки вориди парлумон шаванд. Полис зоҳиран аз гази ашковар истифода кард, вале бо ин вуҷуд эътирозгарон ба ҳуҷум идома доданд.

Талаби эътирозгарҳо аз давлат беҳбудёбии шароити иҷтимоӣ, истифодаи имтиёзнок аз нақлиёти ҷамъиятӣ, боло бурдани мақоми иҷтимоии онҳо ба ҳайси маъюбон ва ҳам рушди бахши саноати кишвар мебошад. Полиси Киев аз ин пеш гуфт, ки дар натиҷаи тазоҳурот ду хиёбони марказии шаҳр масдуд шуд.

XS
SM
MD
LG