Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия 15% бештар пул фиристодаанд


Ҳаҷми маблағи фиристодаи муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали имсол 15 дарсад афзудааст.

Бино ба омори нави Бонки марказии Русия, дар се моҳи аввали сол шаҳрвандон аз Русия ба Тоҷикистон 487 миллион доллар пул фиристодаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 423 миллион доллар фиристода буданд.

Дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон пас аз Узбекистон зинаи дувумро ишғол мекунад. Дар ин давра аз Русия ба Узбекистон - 726 миллион доллар, ба Қирғизистон - 435 миллион, Арманистон - 209 миллион, Озарбойҷон - 191 миллион, Украина - 158 миллион, Қазоқистон - 143 миллион, Молдова - 109 миллион ва Беларус - 73 миллион доллар доллар маблағ интиқол дода шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ба 2 миллиарду 536 миллион доллар расид ки дар муқоиса бо соли 2016 – 607 миллион доллар зиёдтар буд.

Ҳудуди як миллион аҳолии Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG