Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба майдон наоед" Боздошти даҳҳо нафар дар Қазоқистон. АКС


Мақомоти Қазоқистон монеи баргузории тазоҳурот дар шаҳрҳои Алмаато ва Остона шудаанд. Чанде пеш созмони «Интихоботи демократии Қазоқистон» аз тарафдоронаш хоста буд, ки рӯзи 23-юми июн ба кӯчаҳо бароянд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон гуфтанд, як рӯз пеш мақомоти интизомӣ аз онҳо хоста буданд, ки ба ин тазоҳуроти бидуни иҷоза нараванд.

Бино ба хабарҳо, нирӯҳои интизомӣ рӯзи 23-юми июн чанд нафарро дар Алмаато боздошт кардаанд. Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, нирӯҳои пулис даҳҳо нафарро ба автобус бор карда будаанд.

Ба қавли ӯ, дар маркази Алмаато теъдоди зиёди маъмурони пулис, аз ҷумла нирӯҳои вижа мушоҳида шудаанд. Мудири дафтари ҳуқуқи башар дар Қазоқистон Евгений Жовтис ба Радиои Озодӣ гуфт, корманди ин бюро Андрей Свиридов ҳам боздошт шудааст.

Дар Остона нирӯҳои пулис аз мардум хостаанд, ки ба майдон нараванд. Намояндаи додситонии Сариаркини Остона ба даҳҳо нафар дар наздикии майдон ҳушдор додааст, ки ин тазҳоҳурот ғайриқонунӣ аст ва бояд проканда шаванд. Сокинон дар посух гуфтаанд, нияти баргузории тазоҳуротро надоранд.

Қаблан созмони дар Қазоқистон мамнӯи “Интихоботи демократии Қазоқистон” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафдоронаш хоста буд, ки рӯзи 23-юми июн ба тазоҳуроти “Таълими бе пул” бароянд.

Ин созмон аз тарафи сиёсатмадори мухолиф Мухтор Аблязов ташкил шудааст. Аблязов аз соли 2009 ба ин тараф дар хориҷа зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG