Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар ошхонаи “Роҳат” дар Душанбе


Акс аз Азим Хон, аз Фейсбук
Акс аз Азим Хон, аз Фейсбук

Ошхонаи “Роҳат”, дар наздикии корхонаи нассоҷии Душанбе, рӯзи 24-уми июн оташ гирифтааст. Бархе аз шоҳидон гуфтанд, ки ҳодиса соати чоруними бегоҳ рух дод.

Дар аксу навори фиристодаи баъзе аз корбарон дуду аланги баланди оташ дида мешавад. Ин ошхона дар рӯбарӯи ошхонаи маъруфи “Лаззат” ҷойгир буда, яке аз маҳалҳои сермуштарӣ гуфта мешуд.

Тайи як моҳи охир дар чанд гӯшаи Душанбе сӯхтор сабт шудааст. Ҳафтаи гузашта як маркази савдои мутааллиқ ба соҳибкори эронӣ дар маҳалали “Воданасосний” оташ гирифт.

Аз он пештар дар бозори "Султони Кабир", корхонаи дӯзандагии "Суман", каҳвахонаи туркии "Мерве" ва дар маҳаллаи маъруф ба Комбинати гӯшт (Мясокомбинат) низ сӯхтор ба амал омад, ки зиёни умумии он ба садҳо ҳазор сомонӣ мерасад.

XS
SM
MD
LG