Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ду муовинро аз мақомҳояшон озод кард


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки Назар Аслам Тура, яке аз муовинони нерӯҳои сарҳадии кишварро ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мақом озод кардааст. Назар Аслам Тура, то кунун муовини раис оид ба ақибгоҳ будааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо як фармони дигаре дар рӯзи 11-уми июл Идрисзода Илёс Муминро ҳам аз мақоми муовини раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод кардааст. Сабаби озод кардан ҳам ба кори дигар гузаштани Идрисзода будааст.

XS
SM
MD
LG