Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел ба изҳороти Трамп оиди "Олмони асири Маскав" посух дод. ВИДЕО


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар посух ба изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп, ки Олмонро «асири Русия» номид, посух дод. Вай изҳори боварӣ кард, ки Олмон ба хотири омодагиаш ба бунёди лӯлаи дуюми газаш бо Русия дар ҳолати вобастагӣ аз Маскав қарор надорад. Дар ин бора Deutsche Welle хабар дод.

Зимни суханрониаш дар ҷаласаи НАТО дар Брюссел рӯзи 11 июл, Меркел гуфт, ки “аз таҷрибаи шахсии худ медонад, ки тобеияти як бахши Олмон аз Иттиҳоди Шӯравӣ чӣ маъно дорад”. Вай гуфт, “имрӯз Ҷумҳурии Федеративии Германия як кишвари озод аст, ки сиёсати мустақилро пеш мебарад ва қарорҳои мустақил қабул мекунад”.

Меркел гуфт, ки кишвараш ба НАТО аз ҷумла ба хотири муттаҳид шудани Олмон ва Аврупо сипосгузор аст. Айни замон, ба гуфтаи Меркел, давлати олмонӣ дар фаъолияти паймони низомии НАТО саҳми азиме мегузорад. Вай ёдовар шуд, ки низомиёни эътилофи НАТО дар Афғонистон дуюмин аз назари шумор дуюмин нирӯ дар ҳайати ин сохтор ба ҳисоб мераванд.

Баҳси Трамп ва Столтенберг дар бораи ҳамкориҳои энержӣ бо Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Чанд соат пеш аз ин дар ҷараёни шурӯи музокирот дар Брюссел Трамп гуфт, ки Олмон бо мувофиқаташ ба бунёди лӯлаи газ аз Русия «асири Маскав» шудааст.

"Бинобар мушкилоти газу нафт, Олмон ба асири Русия табдил шудааст", - гуфт президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 11 июл қабл аз гуфтугӯ бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар Брюссел. "Ба назари ман, НАТО инро бояд баррасӣ кунад", - афзуд президенти ИМА.

Трамп гуфт: "Чӣ тавр шумо метавонед якҷо бошед, вақте як кишвар аз давлате энерҷӣ мегирад, ки шумо мехоҳед худро аз он ҳимоя кунед? Онҳо бо ин кор Русияро бойтар мекунанд". Ӯ аз дабири кулли НАТО хост, ки ин ҳолатро "шарҳ" диҳад.

Трамп ва Столтенберг
Трамп ва Столтенберг

Президенти ИМА гуфт, ки садри аъзами пешини Олмон раиси ширкати лулаи газ аст. "Ба назари шумо ин дуруст аст? Ман аз рӯзи аввали ба инҷо расидан дар ин бора шикоят кардам".

Трамп гуфт, ки "Олмон комилан аз ҷониби Русия назорат мешавад ва ин барои НАТО хуб нест". Вай гуфт, "Дар ин бора бояд бо Олмон гуфтугӯ кард".

Президенти ИМА Доналд Трамп бори дигар ёдовар шуд, ки бо чунин вазъ Олмон ба хароҷоти амниятии НАТО на 2 дарсад, балки 1 дарсад сарф мекунад.

Баъди Меркел вазири умури хориҷии Олмон Ҳейко Маас аз нақши Олмон дар созмони НАТО ҳимоят кард. Вай, аз ҷумла, ёдовар шуд, ки дар баробари ИМА, қароргоҳи дуюм ва муҳими НАТО маҳз дар хоки ин кишвар дар шаҳри Улм ҷойгир аст. Вай, аз ҷумла, гуфт: “Мо аллакай хароҷоти дифоии худро афзоиш додем, ҳарчанд ба ҳадафи то 2 дарсад расонидани ин хароҷот нарасидем. Дар муқоиса бо соли 2014, то соли 2024 хароҷоти дифоии мо то 80 дарсад афзоиш меёбад”.

Дар посух ба ибораи “асири Русия”, вазири хориҷаи Олмон гуфт: “Мо на асири Русия ва на ИМА ҳастем. Мо танҳо як кафили ин ҷаҳони озод ҳастем ва ҳамингуна мемонем”.

XS
SM
MD
LG