Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сапат" робитааш бо Фатҳулло Гюленро рад кард


Чангиз Фирот
Чангиз Фирот

Муассисаи байналмилалии омӯзишии “Сапат” (Себати пешин) изҳороти сафири Туркия дар Қирғизистон Чангиз Комил Фуротро рад кард, ки ба робитаи ин ин созмон бо рӯҳонии шинохта турк Фатҳулло Гюлен ишора кардааст.

“Мо дар доираи қонунҳои Қирғизистон фаъолият мекунем ва Вазорати маорифу илми ин кишвар низ ҳаммуассиси литсейҳои “Сапат” аст. “Сапат” барои фаъолиятҳои омӯзишии худ иҷозатнома дошта, сабти ном ҳам шудааст. Барномаҳои дарсии он мувофиқ ба меъёрҳои давлатӣ буда, онро Вазорати маориф ва илми Қирғизистон тасдиқ кардааст”, - омадааст дар иттилоияи “Сапат”.

Сафири Туркия дар Қирғизистон 13 июл дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки шабакаи литсейҳои туркии “Себат”, ки ҳоло “Сапат” номгузорӣ шуданд ва Донишгоҳи “Ала-Тоо”-и шаҳри Бишкекро ҷонибдорони руҳонии мухолифи турк Фатҳулло Гюлен таъсис додаанд.

Ба гуфтаи дипломат, ин гуна шабакаи литсейҳо дар 171 кишвари дунё таъсис дода шудааст ва ҳеч кас кафолат дода наметавонад, ки ҳаводиси моҳи июли соли 2016-и Туркия дар он давлатҳо такрор нахоҳад шуд.

Туркия соли 2016 аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки фаъолияти “гюлениҳо”-ро дар ин кишвар манъ кунанд. Раҳбарияти он вақтаи Қирғизистон ин талаби Анқараро рад кард. Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон гуфт, мақомоти турк ба умури дохилии кишвари онҳо дахолат мекунанд.

Дар Қирғизистон як қатор муассисаҳои таълимиву хайрияе ҳастанд, ки ба пайравони руҳонии мухолифи турк Фатҳулло Гюлен тааллуқ доранд. Бузургтарини онҳо шабакаи муассисаҳои таълимии “Себат” аст, ки соли 2017 ҳамчун созмони маҳаллӣ дар Қирғизистон сабти ном шуда, унвони “Сапат”-ро гирифт.

XS
SM
MD
LG