Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани рус дар Амрико ба ҷосусӣ барои Русия муттаҳам шуд


Мақомҳои вазорати адлияи Амрико мегӯянд, як зани русро ба иттиҳоми фаъолиятҳои ҷосусӣ барои ҳукумати Русия, боздошт кардаанд.

Ин зан дар он муттаҳам мешавад, ки талош дошт бо сиёсатмадорон ва ниҳодҳои муҳофизакори Амрико тамос барқарор кунад. Мария Бутина, донишҷӯи бахши муносибатҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи Вашингтон будааст.

Иттиҳомҳо алайҳи Мария Бутина танҳо чанд соат пас аз мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Финландия, эълом шудааст.

Бар пояи гузоришҳо, ӯ бо дастур ва раҳнамоии мақомҳои баландмақоми Русия фаъолият мекардааст. Мақомҳои додситонии Амрико гуфтаанд, ки Мария Бутина, ки дар Вашингтон зиндагӣ мекунад, рӯзи 15-уми июл боздошт шуда, то рӯзи 18-уми июл, ки нахустин нишасти додгоҳ баргузор мешавад, дар зиндон мемонад.

Додситонӣ гуфт, Мария Бутинаи 29-сола дар талоши он буд, ки дар ниҳодҳои сиёсии Амрико, аз ҷумла "Анҷумани миллии силоҳ" нуфуз пайдо кунад. Мария Бутина дар муддате, ки машғули анҷоми фаъолиятҳои худ буд, бо аъзои Конгресси Амрико ва номзадҳои интихоботӣ мулоқот кардааст. Аз дигар иттиҳоми воридшуда ба ин шаҳрванди рус, кӯмак ба баргузории маҳфиле бо номи "Дӯстӣ ва гуфтугӯ" миёни Амрико ва Русия дар Вашингтон ва гузориши он ба як мақоми давлатии Русия дар Маскав аст.

Нақзи қонуни соли 1938

Дар санадҳои додгоҳ номи мақоми рус ошкор нашудааст, аммо ӯ ингуна тавсиф шудааст: "як мақоми баландпояи ҳукумат, ки пештар узви порлумони Русия буд ва сипас ба унвони яке аз аъзои баландпояи Бонки марказии он кишвар баргузида шуд". Ба назар мерасад, манзур аз ин мақоми рус, Александр Торшин аст, ки Мария Бутина бо ӯ робитаи наздике дошт.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки Мария Бутина бар хилофи қонуни "Сабти авомили давлатҳои хориҷӣ" дар Амрико амал кардааст. Ин қонун дар соли 1938 қабул шуда ва тибқи он, авомили хориҷӣ, ки вазифадори пеш бурдани манфиатҳои давлатҳои дигар ҳастанд, бояд робитаҳои худ бо кишварашон, фаъолиятҳо ва дахлу харҷҳои худро ошкор кунанд.

Бо вуҷуди гузашти солҳо аз қабули ин қонун, аммо аз вақти иттиҳомҳои воридшуда ба дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико, номи ин қонун бори дигар бар сари забонҳо афтодааст.

Иттиҳомҳои воридшуда ба ин шаҳрванди рус аз сӯи дафтари додситонии Амрико дар Вашингтон пайгирӣ мешавад. Иттиҳомҳо алайҳи Мария Бутина танҳо чанд соат пас аз мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Финландия, эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG