Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: "Ҷанг бо Эрон - модари ҷангҳо ва сулҳ бо Эрон - модари сулҳҳо аст"


Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон Амрикоро муттаҳам кард, ки бо ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Эрон, "дар пайи ҳадафҳои фаротар аз таҳримҳо аст" ва ҳушдор дод, "душман бояд хуб бифаҳмад, ки ҷанг бо Эрон - модари ҷангҳо ва сулҳ бо Эрон - модари сулҳҳо аст ва мо ҳеҷ вақт аз таҳдид натарсидаем ва дар баробари таҳдид, таҳдид хоҳем кард."

Раиси ҷумҳури Эрон ба Доналд Трамп, президенти Амрико ҳушдор додааст, ки "бо думи шер бозӣ накунед, пушаймонкунанда аст".

Президенти Эрон, ки рӯзи якшанбеи 22-юми июл дар нишасти раҳбарони намояндагиҳои Эрон дар хориҷ аз кишвар дар Теҳрон суханронӣ мекард, Амрикоро муттаҳам намуд, ки мехоҳад аз лиҳози иқтисодӣ ва равонӣ бар Эрон фишор ворид карда ва дар ниҳоят онро табдил ба ошӯб ва нооромӣ кунад". Ӯ афзуд, "Амрико дар ин ҳадафҳои худ номуваффақ хоҳад буд."

"То охирин қатраи хунамон дар баробари онҳо меистем"

Раиси Ҷумҳури исломии Эрон дар суханони худ бо ишора ба ин, ки "ду роҳи таслим ё муқовимат дар пеши рӯямон қарор дорад", гуфт, "дар баробари Амрико ҳарф задан, музокира кардан ва сухан гуфтан маъное ҷуз таслим шуданро надорад."

Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд, "ин ҷамоате, ки имрӯз дар Амрико рӯи кор ҳастанд, агар дар баробарашон таслим шуда ва як қадам ба қафо биравем, тамоми манофеи миллатро ғорат мекунанд ва дар ин шароит мо натарсида ва то охирин қатраи хунамон дар баробари онҳо меистем".

Раиси ҷумҳури Эрон ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор додааст, ки "бо думи шер бозӣ накунед, пушаймонкунанда аст". Оқои Рӯҳонӣ шикасти Амрико аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эронро "ҳатмӣ" донист ва изофа кард, "мумкин аст дар ин роҳ зиёне бубинем, аммо манфиатҳое ҳам хоҳем дошт."

Трамп: "Дигар ҳаргиз Амрикоро таҳдид накун"

Доналд Трамп пас аз суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ, ки "ҷанг бо Эрон модари ҷангҳо ва сулҳ бо Эрон модари сулҳҳост", ҳушдор дод, "дигар ҳаргиз Амрикоро таҳдид накун."

Оқои Трамп рӯзи душанбе дар Твиттери худ ба Ҳасани Рӯҳонӣ дар мавриди "оқибати таҳдидҳо" ҳушдор дод. Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, "мо дигар кишваре нестем, ки ҳарфҳои девонавори ту дар мавриди хушунат ва маргро таҳаммул кунем. Эҳтиёт бош."

"Гузаргоҳҳои нафт дар ихтиёри мост"

Ҳасани Рӯҳонӣ дар суханронии рӯзи 22-юми июли худ бо ишора ба суханони мақомҳои амрикоӣ дар бораи пешгирӣ аз содироти нафти Эрон гуфт, "амрикоиҳо фикр мекунанд, вақте мо мегӯем ҳангоме, ки нафти Эрон содир нашавад, ҳеҷ касе наметавонад содир кунад, ба дунболи бастани тангии Ҳурмуз ҳастем. Дар сурате, ки роҳҳои зиёд вуҷуд дорад ва бастани тангии Ҳурмуз равиши осони он аст. Аммо бисёр гузаргоҳҳои дигар барои ин кор дар ихтиёр дорем."

Ӯ авоили ҳамин моҳ зимни сафараш ба Шведсия гуфта буд, "амрикоиҳо иддао доранд, ки мехоҳанд ба таври комил пеши содироти нафти Эронро бигиранд. Онҳо маънии ин ҳарфҳоро намефаҳманд, зеро, ки ин аслан маъно надорад, ки нафти Эрон содир нашавад ва он вақт нафти минтақа содир шавад."

Ин суханони раиси ҷумҳури Эрон бо истиқболи шуморе аз фармондеҳони низомии Эрон рӯбарӯ шуд. Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон низ рӯзи 21-уми июл вазорати умури хориҷии он кишварро вазифадор намуд, ки мавзеи раиси ҷумҳурро дар ин замина ба таври ҷиддӣ пайгирӣ намоянд.

Помпео: "Аз мардуми Эрон ҳимоят мекунем"

Пеш аз ин Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар "Твиттер"-и худ навишта буд, "ин кишвар аз талоши мардуми Эрон барои ба даст овардани озодӣ, адолат ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар, аз онҳо ҳимоят мекунад". Оқои Помпео рӯзи якшанбеи 22-юми июл дар як гирдиҳамоӣ бо номи "Ҳимоят аз садоҳои эронӣ" дар Калифорния иштирок кард ва гуфт, ки Амрико аз мардуми Эрон ҳимоят хоҳад кард.

Вазири умури хориҷии Амрико аз ин пеш гуфта буд, ҳадафи Амрико тағйир додани рафтори Эрон аст, ки ба ҳарфи мардумаш гӯш кунад. Ӯ дар мусоҳибаи рӯзи 21-уми май аз Эрон хост, фаъолиятҳои атомиашро мутаваққиф кунад ва аз ҳимояти гурӯҳҳои мусаллаҳ ба мисли "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон даст кашад. Майк Помпео гуфт, агар Эрон рафторашро дигар накунад, ба "таҳримоти сахттарин дар таърих дучор мешавад".

Ҷанги нафтӣ миёни Амрико ва Эрон

Ин дар ҳоле аст, вазири умури хориҷии Амрико Майкл Помпео чанд рӯз қабл дар мавриди таҳдиди Эрон ба бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз гуфта буд, Эрон "бояд бидонад, ки Амрико ӯҳдадор ба боз нигоҳ доштани роҳҳои баҳрӣ ва идомаи интиқоли нафт барои ҳама ҷаҳон аст."

Тангии Ҳурмуз яке аз муҳимтарин масирҳои киштиронӣ дар ҷаҳон аст ва тақрибан аз панҷ як ҳиссаи нафти мавриди ниёзи ҷаҳон, яъне наздик ба 18,5 миллион бушка нафт дар рӯз, аз он убур мекунад. Амрико дар талош аст, дар ростои баргардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон, муштариёни нафтии ин кишварро низ аз хариди нафти Эрон боз бидорад.

XS
SM
MD
LG