Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи ду автобус дар Алмато 18 мусофир ҷароҳат бардошт


Рӯзи якшанбеи 22 июл дар шаҳри Алматои Қазоқистон ду автобуси мусофирбар ба ҳам бархӯрданд. Дар натиҷа 18 мусофир ҷароҳат бардошт.

"Ёрии таъҷилӣ" барои кӯмак ба осебдидаҳо 10 мошин фиристод.18 нафар барои дарёфти ёрӣ таъҷилӣ таҳти муроқибати табибон қарор гиритфанд", - хабар медиҳад Раёсати тандурустии шаҳри Алмато.

Аз ин шумор чаҳор нафар, аз ҷумла 3 кӯдак дар бемористон бистарӣ шуд. Сабабҳои садама таҳқиқ мешаванд.

Дар роҳҳои Қазоқистон садамаи воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба як меъёри маъмулӣ табдил шудааст. Соли 2017 дар натиҷаи бархӯрди автобус бо як мошини сабукрав 17 одам ҷароҳат бардошт. Моҳи августи соли гузашта ҳамзамон дар пайи бархӯрди ду автобус дар Уралск 58 одам зиён дида буд.

XS
SM
MD
LG