Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оқсоқолҳо" муҳоҷиронро барои бозгашт ва ватан ташвиқ мекунанд


"Оқсоқолҳо"-и Туркманистон
"Оқсоқолҳо"-и Туркманистон

Дар пасманзари буҳрони давомдори иқтисодӣ дар Туркманистон, шумори ҳарчи бештари туркманҳо барои пайдо кардани кор ба хориҷ мераванд. Ба ин далел, дар бархе аз минтақаҳои Туркманистон мақомот барои баргардонидани муҳоҷирон аз хориҷ куҳансолонро басиҷ кардаанд.

Дар чанде аз ноҳияҳои ин кишвар куҳансолон бо ваъдаҳои зиёд муҳоҷиронро ба ватан мехонанд.

Мақомот ба куҳансолон талқин мекунанд, ки ба муҳоҷирон бигӯянд, "ба ватан баргардед, ҷойҳои нави корӣ таъсис мешавад, мушкили бекорӣ рафъ мегардад, замин тақсим карда мешавад". Онҳо ҳамчунин аз муҳоҷирон мехоҳанд, зидди давлат ва президент ҳарфи бад нагӯянд.

Куҳансолоне, ки ин дархости мақомотро иҷро намекунанд, аз сафи "оқсоқолҳо" хориҷ карда мешаванд.

Давоми ду соли охир мақомоти Туркманистон талош доранд, муҳоҷиронро ба ватан баргардонанд. Аммо муҳоҷирон мегӯянд, ба ваъдаи мақомот бовар надоранд.

XS
SM
MD
LG