Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои амниятии Курд бинои ҳукуматро аз ҷангиён озод кардан


Сарбозони амниятӣ дар назди сафорати Эрон дар Ирбил
Сарбозони амниятӣ дар назди сафорати Эрон дар Ирбил

Нерӯҳои амниятии Курд ҷангиёни мусаллаҳро, ки бинои ҳукумат дар Ирбил, воқеъ дар шимоли Курдистони Ироқро ишғол карда буданд, дар пайи даргирӣ бо нерӯҳои Курд кушта шуданд. Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба мақомоти расмӣ гузориш доданд. Рӯзи 23 июл, баъди ҳамлаи ҷангиён ба бинои ҳукумати Курдистон, дар байни онҳо ва нерӯҳои ҳукуматӣ даргирӣ ҷараён гирифт. Ҷангиён якчанд муҳифзи биноро захмӣ ва силоҳҳои онҳоро мусодира карданд.

Гуфта мешавад, ки дастикам як ҷангӣ худро дар дохили бино мунфаҷир кард. Матбуоти Ироқ аз кушта шудани се ҷангӣ хабар дод.

Ноиби волии Ирбил гуфт, ки ҷангиён ошёнаи охири бинои чорқабатаро таҳти назорат доштанд ва дар пайи даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ онро аз даст доданд.

Ҷангиён силоҳро аз нигаҳбонҳои бино мусодира карда, бо нидои "Аллоҳу акбар" ба бино ҳамла бурдаанд. Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Гуфта мешавад, ки ин гуна ҳуҷумҳо дар Ирбил, яке аз шаҳрҳои амни Ироқ, хеле кам иттифоқ меафтад.

XS
SM
MD
LG