Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиғони модари тоҷик дар пиесаи вазири умури дохилӣ


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон пйесаеро бо номи "Дили модар" эҷод кардааст. Аз рӯи пиесаи Рамазон Раҳимзода коргардон Қурбони Собир намоишномаеро таҳия кардааст ва ҳафтаи оянда нахустнамоиши он доир мешавад.

Марям дар нақши модари ҷангии тоҷик дар Сурия

Марям Исоева ҳунарманди театри Лоҳутӣ, ки нақши асосӣ – модарро дар ин намоишнома бозӣ мекунад, рӯзи 7-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нахустнамоиши ин спектакл рӯзи 13-уми август дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.

"Дили модар" нахустин асари саҳнавиест, ки Рамазон Раҳимзода эҷод кардааст. То кунун шеърнавсии вазири умури дохила бо тахаллуси эҷодии "Ниҳонӣ" расонаӣ шуда буд.

"Намоиши пешакии ин спектакл шоми панҷуми 5-уми август бо ҳузури худи Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, генерал Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва Маҳмадсаид Пирзода раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, доир шуд"-, гуфт Марям Исоева.

Намоишномаи "Дили модар", ки ба қалами Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила таалуқ дорад, аз ҷавоне қисса мекунад, ки бо ҳидояти "шайхе" тарки модар ва ёру диёр карда, озими Сурия мешавад ва ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мепайвандад.

Намоиш аз афсонаи маъруфи писари ошиқ оғоз мешавад, ки бо дархости маъшуқа дили модарро канда, ба назди маҳбубааш меорад. Аммо ин афсонаи модар ба писар, оқибат ба ҳақиқат табдил меёбад.

Хуршед -- қаҳрамони достон кист?

Хуршеди донишҷӯ, қаҳрамони намоишнома мавриди мағзшӯӣ қарор мегирад ва ба Сурия рафта ба ДОИШ мепайвандад. Дар поёни намоишнома, ӯ модарашро, ки ба ҷустуҷӯяш ба Сурия рафта буд, қатл мекунад. Ниҳоят, ба чӣ кор даст заданшро дарк мекунад, аммо акнун дер шудааст...

Марям Исоева.
Марям Исоева.

Марям Исоева, ки то кунун чандин нақши модарро дар рӯи саҳна иҷро кардааст, мегӯяд аз драматизми тақдири қаҳрамони асосии ин асар дар ҳайрат мондааст. Ӯ гуфт: "Ман рӯи дар саҳна нақши беш аз 60 модарро бозӣ кардаам. Аммо аз драматизми ин асар дар ҳайрат мондам. Ин авҷи аълои тасвири симои модари тоҷик ва ё, апафеози он аст. Ин қадар модари тоҷик худро барои фарзандаш фидо мекунад."

Ба гуфтаи ин ҳунарманд, модаре, ки ӯ дар ин намоишнома нақшашро мебозад 60-сола аст ва писараш Хуршедро ҳам хуб тарбия кардааст. Аммо хонум Исоева мегӯяд, ҳарчанд қаҳрамони ин намоишнома дар оилаи доро ба воя расида, тарбия хуб гирифтааст, аммо зери таъсири омилҳои беруна, мағзшӯӣ шуда, ба манқурте табил меёбад.

"Вақте модараш ӯро бо чӣ азобҳо дар Сурия кофта меёбад, ӯ тир кушода модарашро ба дасти худаш мекушад". Аммо модар дар дами марг ҳам бо чунин суханон бо писараш видоъ мекунад:

Оҳ, дасти писарам ёфт харош,

Вой, пои писарам хӯрд ба санг.

Хуршед, биё нишин ба барам, туро бӯй кунам,

Афсӯс нашуд вақт туро тӯй кунам" .

Ба гуфтаи таҳиягарону ҳунармандон, намоишнома бо истифода аз абзору таҷҳизоти навини саҳнавӣ таҳия шудааст ва дар пасманзари нақшофаринии ҳунармандон дар тоблу саҳнаҳои воқеӣ аз шаҳри Душанбе ва Сурия намоиш дода мешаванд. Марям Исоева гуфт, вазорати умури дохила дар таҳияи маводи зарурии саҳна, либоси ҳунармандон сармоягузорӣ кардааст.

"Дили модар" эҷоди нахуст Рамазон Раҳимзода нест

Генерал Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ин қабл бо судури як дастур тамоми кормандони мақомоти милисаро барои тамошои театр ҷалб карда буд. Ортиқи Қодир, ҳунарманди театри Лоҳутӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аҳли ҳунар аз таваҷҷуҳи хоссаи вазири умури дохила ба ҳунарӣ театри хеле болидарӯҳ мешаванд.

Ортиқи Қодир.
Ортиқи Қодир.

Ӯ гуфт, "борҳо худи вазир ташаббус нишон дода, мақомдорони баландпояи вазоратро ба театр ҷалб карданд. Медонанд, ки дар баланд бардоштани маънавиёт ва кори тарбия театр нақши бузург дорад. Ин нуктаро худи вазир аз саҳнаи театр ба аҳли кормандони вазорат таъкид карда буданд".

Ортиқи Қодир гуфт, таваҷҷуҳи вазири корҳои дохила ба театр шоистаи таҳсин ва ибрати дигар мансабдорон метавонад бошад. "Ин барои мансабдорон намунаи ибрат аст. Чун агар худашон завқу ҳавсалаи чизе эҷод кардан надошта бошанд, ақалан ба театр ва ҳунармандон бояд таваҷҷуҳ кунанд",- хулоса кард Ортиқи Қодир.

"Дили модар" нахустин асари саҳнавиест, ки Рамазон Раҳимзода эҷод кардааст. То кунун шеърнавсии вазири умури дохила бо тахаллуси эҷодии "Ниҳонӣ" расонаӣ шуда буд.

Бисёре аз шеърҳои вазир зери ин тахаллус дар саҳифаҳои матбуот ба чоп мерасанд. Охиран шеъри Раҳимзода бо номи "Ту меарзӣ"- ро Сурайё ва Шабнам Қосимоваҳо сароиданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG