Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Озарбойҷон 12 санади ҳамкорӣ имзо карданд


акс аз вебсайти president.tj

Дар поёни музокироти президентҳои Тоҷикистону Озарбойҷон ва ҳайатҳои ҳукуматӣ рӯзи 10 август дар шаҳри Боку, 12 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба иттилои сомонаи президенти Тоҷикистон, дар баробари имзои ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории бархе сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин чанд санадаи дигари ҳамкорӣ имзо шуд.

Созишномаи байни Кумитаи давлатии амнияти миллииТоҷикистон ва Хадамоти давлатии сарҳади Озарбойҷон оид ба таҳсили низомиёни Тоҷикистон дар Академияи Хадамоти давлатии сарҳади Озарбойҷон; ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав; созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои иқтисод ва додситониҳои кулли ду кишвар аз сандаҳое муҳими мулоқот номбар мешаванд.

акс аз president.tj
акс аз president.tj

Президенти Тоҷикистон рӯзи 9 август вориди Боку шуд ва имрӯз дар қасри Загулбаи Озарбойҷон музокироти расмии Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев баргузор гардид. Дар ин музокирот масоили мавриди ҳамкориҳои дуҷониба, мубориза бо хатарҳову таҳдидҳои муштарак, вазъи Афғонистон ва ҳам дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

Сафари расмии мақомоти тоҷик ба Боку рӯзҳои 10-11 август идома мекунад.

Ба иттилои сомонаи президенти Тоҷикистон, дар ин сафар президентро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, прокурори генералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.

Сафари қаблии президент Раҳмон ба Озарбойҷон моҳи июли соли 2012 баргузор шуда буд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар равобити Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкориҳои иқтисодӣ авлавият доранд ва дар чаҳорчӯби ин додугирифтҳо бештар дар бахши фулузоти ранга, саноати кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва мухобирот сурат мегирад.

Мизони табодули молу колои миёни ду кишвар чандон баланд нест ва соли 2017 - 13 миллион долларро ташкил додааст.

Видеоҳои охирин

Раиси намояндагии ширкати "Мир" Қудрат Афардӣ даргузашт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG