Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мардум фарёд мекашиданд, ки берун бароед, вагарна месӯзед" ВИДЕО


Яке аз аксҳои нодири таҷовузи соли 1968 ба Чехословакия.
Яке аз аксҳои нодири таҷовузи соли 1968 ба Чехословакия.

Панҷоҳ сол пеш, вақте танкҳои Шӯравӣ ба Чехословакия ворид шуданд, то ҳаракатҳои озодихоҳро пахш кунанд, аксбардори ҷавон Либор Гайски саҳнаҳои тарсу хушунат ва лаҳзаҳои хандаовар ва раҳм ба таҷовузгаронро сабт кард.

Дар Ҷумҳурии Чех ёдбуди 50-умин солгарди "Баҳори Прага" ҷараён дорад. Ним аср пеш танкҳои Шӯравӣ ба Чехословакия ворид шуданд ва ҳаракатҳои озодихоҳиро пахш намуданд.

Аз қиёфаи сарбозони рус маълум буд, ки онҳо ба озодибахшон монанд нестанд. Агар дуруст нигоҳ мекардед, медидед, ки афсурда ҳастанд. Бечораҳо намедонистанд, ки чӣ кор бояд кунанд

Панҷоҳ сол пеш, вақте танкҳои Шӯравӣ ба Чехословакия ворид шуданд, то ҳаракатҳои озодихоҳро пахш кунанд, аксбардори ҷавон Либор Гайски саҳнаҳои тарсу хушунат ва лаҳзаҳои хандаовар ва раҳм ба таҷовузгаронро сабт кард.

Аксҳои нодирро рӯзҳои 20 ва 21-уми августи соли 1968, ҳангоми таҷовузи нерӯҳои ба раҳбарии Шӯравӣ ба Чехословакия бардоштаанд. Аксҳои нодири ранга аз Либор Гайски, аксбардори навшогирди чех аст, ки он замон фақат 20 сол дошт. Бо гузашти 50 сол он рӯзҳоро хуб дар ёд дорад.

"Кӯчаҳо аз дуди бисёр мисли шаб торик шуданд. Баъдан тирҳо ба парвоз даромаданд. Ҳамаро тарси ваҳшатнок фаро гирифт. Мардум ҳар куҷо пинҳон мешуданд. Ба замин мехобиданд", мегӯяд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Баҳори Прага" 50-сола шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Як рӯз пеш аз ҳодиса Гайски аз истироҳат аз Рум баргашт. Таҷовуз барои ӯ ва тамоми кишвар ғайриинтизор буд. Бо вуруди танкҳо ба пойтахти Чехословакия ӯ дастгоҳи аксбардориашро гирифт ва ба кӯчаҳо рафт.

Либор Гайски
Либор Гайски

“Соатҳои 8-9-и рӯз буд ва мардум дуруст намедонистанд, ки ин ҳамла тарҳрезишуда буд. Фикр мекарданд, тамрини низомӣ аст. Дар ин акс кӯдаконеро мебинед, ки рӯи танк баромадаанд, гӯиё барои бозӣ бошад. Наметавонам, бигӯям, ки ҳама хурсанд буданд, вале фикр намекарданд, ки ҳодиса ҷиддӣ аст", – ба ёд овард Либор Гайски.

Бесарусомонӣ дар майдони Ватслав баъди шурӯи тирандозӣ ба болои сари издиҳом тарснок шуд. "Тири онҳо ҳарчӣ поинтар меомад ва ман тарсидам, ки бас намекунанд. Воқеан, дар ҳамин вақт тарсидам", – мегӯяд ​

Ба озодибахшон монанд набуданд

Чандсад метр дуртар Радиои Чехия ҷойгир буд ва хабарҳо дар бораи таҷовузро қатъ намекард. Нерӯҳои Советӣ онро бастанд. Бо ҳаракати низомиён ба самти радио, издиҳом барои ҳимоят аз он дар назди бино ҷамъ омаданд. Ба гуфтаи Гайски дар инҷо ҳам бебандуборӣ буд.

"Аз қиёфаи сарбозони рус маълум буд, ки онҳо ба озодибахшон монанд нестанд. Агар дуруст нигоҳ мекардед, медидед, ки афсурда ҳастанд. Бечораҳо намедонистанд, ки чӣ кор бояд кунанд", – мегӯяд, Либор Гайски.

Дар айни бесарусомонӣ як мошини боркаш ба издиҳом бархӯрд ва чанд нафар кушта шуд. Он лаҳзаро аксбардори ҷавон чунин ба ёд овард: "Дар он лаҳза дидам, чизе меояд, дастгоҳи аккосиро гирифтам ва тугмаашро зер кардам. Эҳсоси воқеан баде доштам. Ёд оварданаш мушкил аст."

Мардум танкҳоро оташ мезаданд. Дар дохили онҳо сарбозон буданд ва мардум фарёд мекашиданд, ки берун бароед, вагарна месӯзед.

Дар он рӯз дар пеши радио 15 нафар кушта шуд. Дар умум ҳангоми таҷовуз беш аз 100 нафар ҷон бохтанд. Ҳамзамон бо ваҳшатҳои он рӯз Гайски одамияти баъзеҳоро ба ёд меорад.

"Мардум танкҳоро оташ мезаданд. Дар дохили онҳо сарбозон буданд ва мардум фарёд мекашиданд, ки берун бароед, вагарна месӯзед. Лаҳзаҳои хандаовар буд, дили одамон ба онҳо месӯхт, ҳарчанд лозим набуд", мегӯяд Либор Гайски.

Ва ин танҳо лаҳзаи хандаовари он рӯз набуд. “Касе дар майдони Ватслав аломати “вуруд манъ аст”-ро гирифта рӯи танк нишаста мерафт. Ин намунаи ҳаҷви чехӣ буд ва мардум механдиданд", – тасвир кард Либор Гайски.

Ҳарҷу марҷе, ки аксҳоро эмин нигаҳ дошт

Ин аксҳо маҳз ба сабаби ҳарҷу марҷи он рӯзҳо боқӣ мондаанд. Нерӯҳои Шӯравӣ ба хабаргузории Чехословакия рафта ва аксу наворҳои он рӯзро нобуд карданд, вале ин аксҳо монданд.

“Ин навор барои он монд, ки аксҳои рангаро дар як ҳафта як бор чоп мекарданд. Аммо он рӯзҳо ин қадар бесарусомонӣ буд, ки ин аксҳоро 14 рӯз баъд нашр карданд ва онҳо эмин монданд”, – мегӯяд Гайски.

Таҷовузи соли 1968 ба давраи кӯтоҳ ва нисбатан озоди сотсиалистӣ дар Чехословакия бо номи “Баҳори Прага” поён дод. Аксҳои Гайски аз он ҳодисаҳо монданд. Вале умеди ислоҳоти сиёсӣ барои як насл аз байн рафт.

XS
SM
MD
LG