Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як баҳру панҷ харидор. Каспийро чӣ гуна тақсим карданд?


Рӯзи 12-уми август шаҳри Оқтау дар Қазоқистон мизбони нишасти сарони кишварҳои соҳили баҳри Каспий буд. Раҳбарони Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Русия ва Туркманистон барои имзои қарордоди деринтизор дар заминаи мавқеи ҳуқуқии баҳри Каспий ҷаласа оростанд. Вале баъди имзои ин созиш, ки баъди 20 соли омодагиҳо сурат гирифт, маълум мешавад, ҳамоно садде дар мавқеи ягонаи ҳамаи панҷ кишвар қарор дорад.

  • Дар ҳоле ки президентҳо аз рӯи аксари масъалаҳо ба мувофиқа расиданд, президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ таъкид кард, аломатгузорӣ шудани бистари баҳри Каспий барои Эрон ҳамоно як мушкил боқӣ мемонад.
Рӯҳонӣ аз ҳеҷ кишваре ном набурд, вале ба созишномае ишора кард, ки бар асоси он киштиҳои ИМА бояд борҳоро аз Озарбойҷон то бандарҳои Оқтау ва Қуриқи Қазоқистон интиқол диҳанд.

Рӯҳонӣ гуфт, дар амри таъйини ҳудудҳои баҳр Эрон хостори музокирот ва муколамаҳои бештар мебошад. Маълум нест, манзури Рӯҳонӣ аз муколама чист: ҳаққи назорат бар 22-километрии бистари баҳр ваё таъйини хатти марз мувофиқ ба ҳудудҳои марзии ҳар кишвар дар бистари баҳр? Ин масъала дар беш аз ду даҳсола аз ихтилофҳои калидии Эрон боқӣ мемонад.

Таърихчаи баҳс

Баҳси атрофи мақоми ҳуқуқии баҳри Каспий баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сар зад. Дар замони Шӯравии пешин, танҳо 13,8 дар сади он марбут ба Эрон буд ва боқӣ ба ҳукумати Шӯравӣ рабт дошт. Баъди пошхӯрии СССР, шумори кишварҳои ҷойгиршуда дар соҳили Каспий то панҷ адад зиёд шуд – Русия, Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркманистон. Дар ин шароит зарурати имзои созишномаи нав дар заминаи мавқеи ҳуқуқии ин баҳр пеш омад. Барои таҳияи созише, ки қобили қабули ҳама ҷонибҳо бошад, 22 сол сарф шуд.

Дар тамоми ин муддат ҳар кишвар дар заминаи тарзи тақсими бистари баҳр ва ҳам мансубияти ҷуғрофии конҳои табиии воқеъ дар қаъри об мавқеи мухталиф доштанд. Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон пешниҳод мекарданд, ки бистари Каспий аз рӯи тақсимоти баробар дар миёни ҳама кишварҳои соҳилӣ марзбандӣ шавад. Эрон ҷонибдори он буд, ки Каспий дар истифодаи умум монда, дар миёни ҳама аз рӯи принсипи 20-дарсадӣ тақсим шавад. Эрон мухолифи имзои созишномаҳои дуҷониба баромад мекард.

Русия ҷонибдори тақсими ҳудудии бистари баҳр буда, мухолифи тақсими обҳои баҳр буд ва мегуфт, дар сурати ғайр, низоми истифодаи хоҷагии об, ки дар 70 соли охир бунёд шудааст, бояд комилан бозбинӣ шавад.

Ҳузури низомӣ, умедворӣ ба нишасти баъдӣ

Рӯҳонӣ дар ҷаласаи Қазоқистон гуфт, ки музокироти бештар ба хотири мушаххас шудани масъулият ва масъулиятҳои ҳар ҷониб дар заминаи ҳифзи муҳити зист дар обҳои Каспий зарур мешавад.

Дар суханронии худ президенти Эрон аз он қисмати созишнома, ки ҳама гуна ҳузури низомиро дар обҳои Каспий манъ мекунад, ситоиш кард, вале дар поёни суханрониаш ба интиқоли борҳои хориҷии низомӣ дар саросари Каспий муроҷиат кард. Рӯҳонӣ аз ҳеҷ кишваре ном набурд, вале ба созишномае ишора кард, ки бар асоси он киштиҳои ИМА бояд борҳоро аз Озарбойҷон то бандарҳои Оқтау ва Қуриқи Қазоқистон интиқол диҳанд.

Владимир Путин ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Владимир Путин ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Дар суханронии худ президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, ки нишасти навбатӣ бояд дар Туркманистон баргузор шавад.

Ҳар раҳбаре, ки дар ин ҷаласа суханронӣ кард, аз назари масоили муҳимтарини мавриди таваҷҷуҳи кишвари худ дар мавзӯи баҳри Каспий сӯҳбат кард.

Президентони Қазоқистон ва Озарбойҷон – Нурсултон Назарбоев ва Илҳом Алиев ба тавсеаи роҳҳои баҳрии тиҷоратӣ ҳамчун ҳосили муҳими ин ҳамкориҳо таъкид карданд. Ҳарду раҳбар аз ин роҳҳо ҳамчун “пули нави тиҷоратии миёни Осиё ва Аврупо” ёд карданд.

Ба назари президенти Эрон, тиҷорат дар миёни ин кишварҳо танҳо бахши хурди ин ҳамкорӣ буда метавонад. Аз назари раиси ҷумҳури Эрон, назар ба тақвияти роҳҳои тиҷоратии Осиёву Аврупо, беҳтар аст, иқтидори иртиботи роҳҳои оҳани миёни шарқ ва соҳилҳои ғарбии Эрон, ки ба Халиҷи Форс мепайванданд, таҳким дода шаванд. Илҳом Алиев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба зарурати роҳҳои оҳан тавассути қаламравҳояшон ишора карданд, ки кишвари онҳоро бо Эрон мепайванданд.

Айни замон, ба назари президенти Озарбойҷон бӯҳрони Қаробоғи Кӯҳӣ ва ихтилоф бо Арманистон метавонад садди пешбурди тиҷорат бо Қафқоз шавад.

Дар суханронии худ президент Владимир Путин гуфт, бахше аз созишнома, ки ба мубориза бо терроризм бахшида шудааст, аҳамияти наздикии баҳри Каспий бо Афғонистон ва Ховари Миёнаро бештар мекунад.

Бо ин ки панҷ президент дар поёни ҷаласа санадҳоро имзо карданд, мушкил аст, ки ин ҷаласа ва натиҷаҳои он ба унвони як муваффақият арзёбӣ шавад. Рӯшан аст, ки ҳамоно мушкилоте чанд, бахусус аз ҷониби Эрон ҳалношуда боқӣ мемонад.

Зоҳиран баррасии масоили калидии ин ҳамкориҳо ба нишасти баъдӣ вогузор мешавад ва ҳанӯз масоили зиёд мавриди баррасӣ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG