Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон пешниҳоди оташбаси семоҳаро напазируфтанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҷангҷӯёни Толибон пешниҳоди Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистонро барои оташбаси семоҳа напазируфтанд. Дар ин бора ду фармондеҳи баландмақом ба “Ройтерс” хабар доданд.

Оташбаси Иди Фитр аввалин оташбаси расмӣ миёни ҳукумат ва Толибон дар 17 соли гузашта буд.

Ба ҷуз ин, рӯзи душанбе Толибон дар минтақаи шимолии Кундуз ҳудуди 200 мусофиреро рабуданд, ки савори се мусофирбар барои таҷлили иди Қурбон мерафтанд. Бино ба маълумоти мақомот, дар миёни онҳо камаш 20 корманди нирӯҳои амниятӣ буданд. Ҷангҷӯён гуфтанд, ки афроди осоиштаро озод намуда, низомиён ва кормандони пулисро дар асорат нигоҳ хоҳанд дошт.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Толибони афғон оташбасро рад карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, пешниҳод кард, ки то 19-уми ноябр (зодрӯзи паёмбари ислом) дар ҷанг бо Толибон оташбас барқарор шавад. Амрико аз ин тасмим истиқбол кардааст. Аммо оташбас ба ин шарт эълон шудааст, ки Толибон низ онро бипазиранд.

Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ рӯзи 19-уми август дар суханронӣ ба муносибати 99-уми солгарди истиқлоли Афғонистон гуфт, Толибон низ бояд оташбас кунанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, “аз рӯзи душанбе, ки рӯзи Арафа аст, то рӯзи милоди набӣ ба шарти инки Толибон низ дар ин айёми хуҷаста оташбасро эълон ва риоят намоянд ё то ҳар муддате, ки Толибон ба он пойбанд бошанд, оташбасро эълон мекунам.”

Оқои Ғанӣ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои исломӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ ва афғонҳо аз оташбаси гузашта дар ҷараёни иди саиди Фитр бо гармӣ истиқбол карданд ва ба ҳамин хотир, бори дигар оташбас мекунад.

Моҳи июни имсол раиси ҷумҳури Афғонистон дар остонаи Иди сайиди Фитр оташбас эълон кард ва Толибон низ барои се рӯз аз набард даст кашида буданд. Аммо ин бор раҳбарияти ҷунбиш иддао доранд, ки эълони оташбас танҳо ба манфиати низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон буд ва аз ин хотир онро қабул надоранд.

Оташбаси Иди Фитр аввалин оташбаси расмӣ миёни ҳукумат ва Толибон дар 17 соли гузашта буд. Бо хатми ин оташбас, Толибон ҳамлаҳояшонро дубора оғоз карданд ва дар минтақаҳои зиёд аз шимол то ҷануби Афғонистон ба нерӯҳои амниятии афғон ҳамла карданд.

Ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои Толибон якбора дар чанд минтақаи Афғонистон авҷ гирифт. Аз ҷумла, дар шаҳри Ғазнӣ, воқеъ дар ҷанубу ғарби Кобул. Қабл аз онки низомиёни афғон бо кумаки Амрико ҷангҷӯёнро аз минтақаи аҳолинишин берун кунанд, дар панҷ рӯз наздики 250 нафар кушта шуд.

Ҷанг дар вилоятҳои Форёб ва Бағлон, воқеъ дар шимоли Афғонистон, ки боиси кушта шудани даҳҳо тан аз нерӯҳои амниятии афғон шудааст, аз ҷумлаи ҳамлаҳои Толибон пас аз оташбаси гузашта мебошад.

XS
SM
MD
LG