Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди солгарди вуруди нерӯҳои Шӯравӣ ба Чехословакия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дақиқан 50 сол пеш, 21-уми августи соли 1968, нерӯи кишварҳои "Созишномаи Варшава" ба Чехословакия ворид шуд. Дар амалиёти таҳти унвони "Дунай" садҳо ҳазор низомӣ ва ҳазорон тонк иштирок карданд. Қарори ворид шудани ба Чехословакияро раҳбарияти вақти Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кард ва артиши Шӯравӣ нерӯи пешбаранадаи ин амалиёт буд.

Вуруди нерӯҳои Шӯравӣ ба "Баҳори Прага" ё талоши раҳбарияти Чехославакия ва ҷомеа барои ислоҳот хотима гузошт.

Нерӯҳо ба ин кишвар бе иҷозаи раҳбарияти Чехословакия ворид шуданд. Артиш дастур гирифт, ки ба нерӯҳои воридшуда муқовимат накунад. Дар эътирозҳои алайҳи вуруди Шӯравӣ ба Чехословакия садҳо ҳазор иштирок карданд. Беш аз 100 нафар кушта шуд. Нерӯҳои Шӯравӣ то соли 1991 дар Чехословакия боқӣ монданд.

Солгарди ин ҳодиса дар Чехия ва Словакия ба таври густарда ёдоварӣ мешавад. Шоми сешанбе дар маркази Прага намоиши ҳунарӣ барномарезӣ шудааст.

Ҷомеаи Чехия аз қарори президенти кишвар Милош Земан, ки суханронӣ дар солгарди вуруди нерӯи Шӯравӣ ба Чехословакияро рад кард, нороҳат аст. Сухангӯи президент аз номи ӯ гуфт, ки Земан тамоми андешаҳояшро дар бораи ин ҳодиса 50 сол пеш гуфта буд. Аммо таърихшиносон мегӯянд, аз суханронии Земан дар моҳи августи соли 1968 хабар надоранд.

Телевизиони Чехия имрӯз суханронии президенти Словакия Андрей Кискаро пахш мекунад.

Мақомоти расмии Маскав солгарди саркӯб шудани "Баҳори Прага"-ро шарҳ надоданд. Раҳбарони пешини Иттиҳоди Шӯравӣ - Михайил Горбачев ва Борис Елтсин қаблан барои вурӯди нерӯҳои Шӯравӣ ба Чехословакия бахшиш пурсида буданд.

Президенти Русия Владимир Путин соли 2006 гуфт, ки Русия масъулияти маънавии ҳодисаи соли 1968-ро бар дӯш дорад, на ҳуқуқиро.

Журналисти рус Иля Клишин даъват кард, ки дар назди сафоратҳои Чехия ва Словакия гул гузоранд. Аммо баъдан дар Фейсбук навишт, ки дар даромадгоҳи сафорати Чехия ба гулгузорӣ иҷозат надоданд.

XS
SM
MD
LG