Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуҷинсаҳои Покистон баъди кушта шудани як зан аз ҳукумат кумак хостанд


Даҳҳо нафари дуҷинса ё трансгендери Покистон баъди куштор ва пора шудани ҷасади як ҳамтои онҳо дар Пешовар, бо талаби таъмини амнияти худ намоиши эътирозӣ баргузор карданд.

Тазоҳургарон рӯзи 20-уми август дар назди "Press Club"-и Пешовар ҷамъ омада, шиор доданд, ки "Мо ҳимоят мехоҳем. Мо эҳтиром ва ҳуқуқ мехоҳем".

Рӯзи 16-уми август як зани дуҷинса бо номи Назо дар ҷараёни тӯйе бо тир кушта ва сипас ҷасадаш пора карда шуд.

Яке аз ду гумонбари ҳамла субҳи барвақти 17-уми август бо халтаи ҳомили пораҳои бадани ин зан, ки эҳтимол мехост онҳоро нобуд кунад, боздошт шуд.

Фарзона Ҷон, раиси Созмони трансгендерҳои Покистон мегӯяд, аз соли 2015 ба ин тараф 62 дуҷинса дар вилояти шимолу ғарбии Хайбар Пахтунхва кушта шуд. Ба гуфтаи Фарзона Ҷон, танҳо имсол дуҷинсаҳо 487 дафъа мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG