Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консулгарии Эронро дар Басра оташ заданд


Мақомоти амниятӣ ва шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки эътирозгарон дар Басраи Ироқ амволи консулгарии Эронро дар ин шаҳр дуздида, сипас, биноро оташ задаанд. Ба қавли мақомоти амниятӣ, ҳангоми ҳуҷуми норозиёни хашмгин болои консулгарии Эрон касе дар дохилаш набудааст.

Эътирозгарон ҳангоми ба оташ кашидани консулгарии Эрон, Теҳронро ба дахолат дар корҳои дохилии Ироқ муттаҳам кардаанд. Шаҳри Басра дар 30-километрии марзи Эрону Ироқ ҷойгир аст.

  • Ҳукумати Эрон дар мавриди ҳуҷуми тазоҳургарон ба консулгарии он кишвар дар шаҳри Басра чизе нагуфтааст.

Эътирозҳои густарда дар шаҳри Басраи Ироқ аз рӯзи душанбеи гузашта оғоз шуд, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҳукумат барои фароҳам кардани хадамоти асосӣ, бо шумули оби ошомиданӣ ва барқ хонда шудааст.

Аз тазоҳуроти ба ин монанд, аммо начандон густарда дар шаҳрҳои дигари Ироқ, аз ҷумла Бағдоду Карбало низ гузориш шудааст. Эътирозҳо дар шаҳри Басра бо даргириҳо ҳамроҳ шуд, ки дар натиҷа то кунун аз кушта шудани 11 тан хабар дода шудааст.

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи 7-уми сентябр бо раиси Шӯрои амнияти кишвараш мулоқот кард ва хостори таҳқиқ дар мавриди талафоти бархоста аз эътирозҳо шуд.

Хабаргузориҳо ба нақл аз сокинони шаҳри Басра гуфтанд, ки онҳо аз вуҷуди фасоди густарда, сӯиистифода аз мақом ва фурӯпошии зербиноҳо, ки боиси хисороти ҳангуфт дар бахши обу барқрасонӣ шудааст, ба дод омадаанд.

Ҳайдар Ибодӣ
Ҳайдар Ибодӣ

Эрону Ироқ аз соли 1980 то 1988 бо ҳам ҷангиданд. Аммо равобити миёни ин ду кишвар пас аз сарнагунии режими Саддом Ҳусейн дар соли 2003 ва ҳамлаи Амрико болои он кишвар беҳбуд ёфт.

Эрон дар умури сиёсии Ироқ нуфузи чашмгир дорад ва гуруҳҳои шиаро дар он кишвар барои саркӯби гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳимоят кардааст.

60 ё 65 дарсади аҳолии Ироқ шиа, понздаҳ ё бист дарсад араби суннӣ ва 17 дарсад курдҳои суннӣ мебошанд, ки ин таркиб боиси танишҳо дар эҷоди тавозун дар қудрат шудааст.

XS
SM
MD
LG