Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани тоҷик баъди истирдод аз Афғонистон 13 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар шаҳри Душанбе як зан ва марди тоҷикро бо ҷурми "зархаридӣ", дар маҷмуъ, ба 30 соли зиндон маҳкум кард.

Ота, гумроҳ шуда рафтам. Намедонистам, ки ба куҷо меравам

Сафаргул Одинаева, як зани тоҷик, ки тирамоҳи соли гузашта бо иттиҳоми пайвастан ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Афғонистон боздошт ва ҳамроҳи кӯдаки панҷсолааш Умар ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ба 13 соли зиндон маҳкум гардид. Тифли ӯро ба тарбияи бобову бибиаш додаанд. Онҳо дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд.

Аз Русия то Афғонистон

Ҳукми Сафаргул Одинаеваро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар нимаҳои моҳи август эълон кардааст. Дар додгоҳ рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло ҳукм ба иҷро даромад.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, инчунин, Хушнуд Махсумовро, ки ҳамроҳи Сафаргул Одинаева боздошт ва ба Тоҷикистон таслим шуда буд, 17 сол зиндонӣ кардааст.

Хонаводаи Сафаргул Одинаева ва як манбаъ дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Сафаргул ва Хушнуд зану шавҳар ҳастанд ва онҳо дар Русия ба никоҳи якдигар даромадаанд.

"Онҳо дар Русия будаанд. Аз онҷо ба Туркияву Эрон ва сипас вилояти Нимрӯзи Афғонистон рафтаанд. Дар онҷо мехостанд, ки ба сафи ДИИШ бипайванданд. Худашон ба гуноҳ иқрор карданд. Дар сухани охирин гуфтанд, ки "гумроҳ шудем", - нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Зани тоҷик баъди истирдод аз Афғонистон 13 сол зиндонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00
Линки мустақим

"Аз шавҳараш ҷудо шуд, барои кор рафта буд"

Ин манбаъ дар додгоҳҳои Тоҷикистон гуфт, нисбат ба ҳукм ҳеч шикоят нашудааст.

Хонаводаи Сафаргул Одинаева дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ пас аз ҷудо шудан аз шавҳари аввалааш ҳафт соли пеш барои кор ба Русия рафта буд. Писари панҷсолааш аз шавҳари дуюмаш будааст.​

Андам Одинаев, падари Сафаргул, қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки духтараш дар тамосҳои телефонӣ мегуфт, дар Русия шавҳар кардааст. Одинаев бо духтараш дар Душанбе дидор кард ва ӯ гуфтааст: “Ота, гумроҳ шуда рафтам. Намедонистам, ки ба куҷо меравам”.

Пайвандон мегӯянд, то моҳи сентябри соли гузашта Сафаргул аз Русия тамос мегирифт, вале ногаҳон тамосҳояш қатъ шуд. Дертар мақомот хабардор кардаанд, ки духтарашон дар Афғонистон боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Истирдоди хонаводаи Вазировҳо

Сафаргул Одинаева ва Хушнуд Махсумов дар ҳоле аз Эрон ба Афғонистон рафтаанд, ки моҳи марти соли 2017 панҷ узви як хонавода дар Зоҳидон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Ба гуфтаи мақомот, Абдулфайз Вазирови 33-сола ва ҳамсараш Моҳира Салимоваи 32-сола бо се кӯдаки ноболиғашон қасд доштанд ба Афғонистон бираванд ва ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бипайванданд.

XS
SM
MD
LG