Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремлин дархости Британияро барои сӯҳбат бо Петров ва Башоров меомӯзад


Гумонбарҳои ҳамла ба Скрипал дар дурбинҳои Солсбери
Гумонбарҳои ҳамла ба Скрипал дар дурбинҳои Солсбери

Кремлин гуфт, ки дархости Британия барои сӯҳбат бо Александр Петров ва Руслан Башоров - ду гумонби ҳамла ба корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипалро меомӯзад.

Британия ду шаҳрванди Русияро, ки гуфта мешавад кормандони истихбороти низомӣ ҳастанд, ба суиқасд ба ҷони Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, бо истифода бо гази фалаҷкунандаи асаб -"Новичок", муттаҳам мекунад.

Маскав мегӯяд дар ин ҳамла даст надорад.

Александ Петров ва Руслан Башоров дирӯз ба шабакаи телевизионии RT мусоҳиба доданд ва гуфтанд, ки онҳо соҳибкори маъмулӣ ҳастанд ва ҳеҷ рабте ба истихбороти низомӣ надоранд. Британия дар вокуниш ба навор гуфт, ки Русия бо ин маводи сохта мехоҳад ҳамаро дубора "гул" занад.

Корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал, ки агенти дугона будааст, рӯзи 4 март ҳамроҳ бо духтараш Юлия дар шаҳри Солсберии Британия бо "Новичок"-и сохти Шӯравӣ заҳролуд шуд. Онҳо аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурданд ва баъди табобати тӯлонӣ аз бемористон мураххас шуданд. Макони будубоши феълии онҳо маълум нест.

XS
SM
MD
LG