Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз “Искандар-М” ба Қирғизистон мушаки кӯтоҳбурд партофт


Сохтори мушакии Русия - Искандар-М
Сохтори мушакии Русия - Искандар-М

Низомиёни Русия дар размоиши зиддитеррористии "Иссиқкӯл – Антитеррор – 2018"-и кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бори нахуст аз Урал ба Қирғизистон ба воситаи маҷмааи “Искандар-М” мушак партоб карданд.

Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии Ҳавзаи низомии марказии Русия хабар дод.

"Низомиён аз Урал дар рафти размоиш ба пойгоҳи шартии террористон дар размоишгоҳи "Эделвейс"-и Қирғизистон мушаки ҷангӣ партоб мекунанд", - афзудааст манбаъ.

Дар ин размоиши байналмилалӣ, ки аз 24 то 26 сентябр дар Қирғизистон баргузор мешавад, ҳудуди як ҳазор низомии Русия иштирок мекунанд. Дар Кумитаи амнияти милии Қирғизистон, ки дар размоиш иштирок мекунад, аз шарҳи ин хабар худдорӣ карданд.

Маҷмааи мушакии “Искандар-М” барои маҳви ҳадафҳои кӯтоҳбурд ва дурбар пешбинӣ шудааст.

ТАСС менависад, ки дар ин размоиш шаш зарбазани Су-24М иштирок мекунанд. Халабонҳои рус зарба задан ба пойгоҳ, маҳалли омодагӣ ва масири ҳаракати гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро хоҳанд озмуд.

XS
SM
MD
LG