Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Volkswagen қатъи фаъолияташ дар Эронро рад кард


Сафири ИМА дар Олмон ба Bloomberg гуфт, ки ширкати мошинсозии Volkswagen бо риояи таҳримҳои Амрико бахши бузурги фаъолияташро дар Эрон қатъ мекунад.

"Мо аз ин қарор ҳеле ҳушҳол шудем, зеро Эрон манобеи иқтисодиашро аз мардуми худаш мегирад ва барои хушунату бесуботӣ дар саросари ҷаҳон истифода мекунад",- гуфт сафири ИМА дар Олмон Ричард Гренелл рӯзи 19 сентябр.

Аммо сухангӯи Volkswagen рӯзи 20 сентябр ин хабарро дар сӯҳбат бо Франс -Пресс рад кард ва гуфт, ки ширкат аз мавқеи пешини худ пайгирӣ мекунад ва "ба тамоми қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин меъёрҳои содирот содиқ хоҳад буд".

Президенти ИМА Доналд Трамп моҳи май аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон хориҷ шуд ва баъзе таҳримҳои зидди Теҳронро дубора фаъол кард. Трамп ширкатҳои хориҷиро низ ҳушдор дод, ки таҳримро риоя кунанд вагарна муҷозот мешаванд. Британия, Фаронса ва давлатҳои дигари Аврпуо гуфтанд, барои ҳифзи ширкатҳое, ки ҳоло низ бо Эрон кор мекунанд, талош хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG