Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко қавл дод, ки пойгоҳи Русияро аз Қрим берун мекунад


Петр Порошенко ҳангоми суханронӣ дар порлумон. 20 сентябри соли 2018
Петр Порошенко ҳангоми суханронӣ дар порлумон. 20 сентябри соли 2018

Президенти Украина Петр Порошенко гуфт, бандеро аз Қонуни асосӣ берун хоҳад кард, ки ба истиқрори нерӯҳои баҳрии Русия дар Қрим иҷозат додааст. Порошенко ҳангоми ироаи паёми солонааш ба порлумон таъкид кард, ки баъди бозгашти Қрим ба таҳти назорати Украина, пойгоҳи Русия дар Севостопол дигар вуҷуд нахоҳад дошт.

Президенти Украина ҳамчунин аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, ки нерӯи худро барои мубориза алайҳи таҷовузи Русия басиҷ кунанд. Ба гуфтаи ӯ хатари нарм шудани таҳримҳои зидди Маскав вуҷуд дорад, аммо Украина ба ин роҳ нахоҳад дод.

Дар робита ба ниёзҳои дифоии кишвараш ӯ гуфт, ки Укриана мехоҳад мушакҳои ҳадафгири замонавӣ ва зиреҳпӯшҳо харидорӣ кунад ва тавони ҳарбиашро дар қисмати украинии баҳри Азов афзоиш диҳад.

Порошенко бо натиҷагирӣ аз 9 моҳи соли равон эътироф кард, ки зиндагии бахши умдаи украиниҳо беҳбуд наёфтааст ва дороии мардум ба кундӣ рушд мекунад.

XS
SM
MD
LG