Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони Ҳинду Покистонро лағв карданд


Як рӯз баъд аз эълони Ҳинд дар бораи мулоқоти вазири умури хориҷии кишвар бо ҳамтои покистониаш дар шаҳри Ню Йорк ин мулоқотро лағв карданд. Ҳинд рӯзи 21-уми сентябр гуфт, ки мулоқот охири моҳи сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи умумиии Созмони Милал сурат мегирад.

Вазорати умури хориҷии Ҳинд гуфт, мулоқотро ба сабаби “қатли бераҳмонаи маъмури амниятии мо аз тарафи афроди мустақар дар Покистон” лағв карданд. Ба гуфтаи вазорат, сабаби дигари тасмим, амалкарди Покистон буд, ки 20 маркаҳои хаткашониро, ки дар он “террористу терроризм ситоиш мешаванд.”

Вазорат аз ин бештар шарҳ надодааст. Ҳинд рӯзи 20-уми сентябр гуфт, ки мулоқот баъди он барномарезӣ шуд, ки Имрон Хон, нахуствазири Покистон бо ирсоли номае ба Нарендра Модӣ нахуствазири Ҳинд хост, дар ду тараф дар бораи масоили баҳсбарангез аз ҷумла сарнавишти аёлати тақсимшудаи Кашмир гуфтугӯ кунанд.

XS
SM
MD
LG