Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ дар Амрико: Маҳрум кардани Эрон аз фурӯши нафт “бисёр хатарнок аст”


Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар ҷамъи мудирони расонаҳои амрикоӣ барномаи маъмурияти Доналд Трампро барои таҳрими фурӯши нафти кишвараш “бисёр хатарнок” хонд. Вай рӯзи 24-уми сентябр гуфт, умед доранд, ки дар чаҳорчӯби муқаррароти байналмилалӣ ба тиҷорат бо кишварҳои дӯст идома бидиҳанд.

  • Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, таҳримҳои Амрико натанҳо ба зиёни Теҳрон, балки ба зиёни ширкатҳои байналмилалӣ низ будааст. Рӯҳонӣ шарҳи бештаре дар бораи суханони худ ва хатарнок хондани таҳрими фурӯши нафти Эрон надод.

Ҳасани Рӯҳонӣ қаблан низ таҳдид карда буд, ки агар нафти Эрон содирот нашавад, нафти кишварҳои дигар низ набояд аз Халиҷи Форс берун равад.

Пас аз ин суханон ва таҳдидҳои дигари мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ, Ҷон Ричардсон – фармондеҳи амалиётии нирӯҳои дарёии Амрико – ба Эрон ҳушдор дод, ки Иёлоти Муттаҳида бо истифола аз зӯр ҳам ки бошад озодии равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳифз хоҳад кард. Ҳамзамон бо танишҳо байни Эрону Амрико шӯришиёни шиаи Яман ду нафткаши Арабистони Саудиро ҳадаф қарор доданд, ки боис шуд Арабистон содироти нафт аз ин тангаро барои муддате мутаваққиф кунад.

Мулоқоти Ҳасани Рӯҳонӣ бо мудирони расонаҳои Амрико. Ню-Йорк, 24-уми сентябри 2018
Мулоқоти Ҳасани Рӯҳонӣ бо мудирони расонаҳои Амрико. Ню-Йорк, 24-уми сентябри 2018

Пас аз ин иттифоқ, Носир Шаъбонӣ, раиси маркази пажӯҳишҳои дифоии амниятии Донишгоҳи ҷомеи Имом Ҳусейн, дар изҳори назаре гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ аз шӯришиёни Яман хостааст, ки ба ду нафткаши Саудӣ ҳамла кунанд ва онҳо ҳам ин корро карданд.

Дар ҳамин ҳол, Бежан Зангина, вазири нафти Эрон, эълон кардааст, ки хоби Амрико барои қатъи содироти нафти Эрон таъбир намешавад. Қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ рӯзи 24-уми сентябр бо ҷаҳиши ҳудуди дуним дарсад нисбат ба рӯзе пеш ба 81 доллар барои ҳар бушка баробар шуд. Ин болотарин нарх тайи чаҳор соли гузашта аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, ки ин шабу рӯз дар Амрико қарор дорад, мавзӯи дидори раиси ҷумҳури ИМА ва раҳбари Куриёи Шимолиро бо дидори эҳтимолии раҳбарони Эрону Амрико қобили муқоиса надонист. Рӯҳонӣ гуфт, “иқдомоти Доналд Трамп, аз ҷумла хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаии соли 2015 ва таҳриму таҳдиди Эрон ба соддагӣ қобили чашмпӯшӣ нест”.

Вай дар бахше дигар аз суханонаш афзуд, “дидор худ ба танҳоӣ мавзӯе нест, зеро дидор замоне анҷом мешавад, ки мо умед дорем ихтилофот камтар шуда ва ба нуктаҳои мусбате даст хоҳем ёфт. Аммо имрӯз нисбат ба рафтори раиси ҷумҳури Амрико ҳеч умед надорем ва хосияту энержӣ дар ин кор намебинем.”

“Агар рӯзе бибинем, ки Амрико содиқона ба дунболи бозсозии равобит аст, он замон тасмим хоҳем гирифт ва фазои тозае хоҳем дошт”, - афзуд ӯ.

Доналд Трамп, ки Амрикоро аз тавофуқи атомии соли 2015 бо Эрон хориҷ кард, то таҳримҳо алайҳи Теҳрон аз сар гирифта шавад, гуфт, омодааст бо ҳадафи дастёбӣ ба созише дигар бо Эрон бо мақомоти Теҳрон бидуни қайду шарт музокира кунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар аввалин сафари худ ба Ню-Йорк бо Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико, телефонӣ гуфтугӯ карда буд.

XS
SM
MD
LG