Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Модарам шаш сол ёфтагиашро ба ман фиристод, то хонам"


Ман донишҷӯ будам, ба хона дар як моҳ як маротиба барои дидори модарам, падарам ва хешу таборам мерафтам. Дар як ҳафта як бор - рӯзи якшанбе модарҷонам ба ман нон ва дигар ёфтагияшонро мефиристоданд.

Он рӯзе, ки якшанбе меомад, хурсанд мешудам, ки имрӯз тухм, каме гӯшт ё равғани гӯсфанд мехӯрам. Ин ҳам дар 2-3 моҳ як бор такрор мешуд.

Рӯзе рафтам ба хонаамон, ба пеши модарам, дидам, ки хона ва шароити хонаро... сӯхтам, дод задам, фақат дар дилам. Чунки ман ҳар ҳафта мехӯрам, мепӯшам, роҳкиро мекунам, модарҷонам аз ризқи худашон, аз ризқи хонагиамон ба ман чизеро мефиристоданд.

Шаш сол хондам, солҳои охир кор кардам, худамро худам аз чиҳати иқтисодӣ таъмин намудам. Як дафъа ба модарам як ҷӯроб ва калӯш харида, ба хона бурдам!

Ин ҳамааш 25 сомонӣ шуд, аммо ин бори дигар ба модарам аз тарафи ман туҳфа буд. Ба модарам бо сад истиҳола ва хиҷолат туҳфаамро додам, тарсидам, ки ин туҳфа ба модарам маъқул намешавад.

Модарам ба дасташ гирифт ва гиряолуд гуфт: "Ниҳолам меваи аввалинашро дод ва ин барои ман аз ҳама гаронтарин туҳфаҳои олам аст".

Алиҷон Сафаров​

https://www.instagram.com/p/Bn6RuXGgsC7/?tagged=farishtaiman

XS
SM
MD
LG