Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон ба футболбозони наврас 660 000 сомонӣ тақдим кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба 33 узви дастаи мунтахаби наврасони тоҷик, дар маҷмуъ, 660 000 сомонӣ, муодили тақрибан 70 ҳазор доллари амрикоӣ тақдим кардааст. Мақомот мегӯянд, ки ин миқдор пул аз фонди захиравии президент дода шуд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё, ки дар Малайзия баргузор шуд, мақоми дувумро касб кард.

Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми октябр дар мулоқот бо ҳайати даста дар "Қасри Миллат" гуфтааст, "ғалабаи наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои ҳукумат, Федератсияи футбол ва заҳмати содиқонаи худи футболбозон мебошад".

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 10-уми октябр аз Куала Лумпур ба Душанбе баргашт.

Ба пешвози футболбозони наврас ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо нафар, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ – шаҳрдори Душанбе ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон рафта буданд. Рустами Эмомалӣ ҳайати дастаи мунтахаби наврасонро бо дастоварди бузургашон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё табрик гуфт ва ба онҳо дар қаҳрамонии ҷаҳон муваффақият орзу намуд.

Аз номи ҳайати даста Зайниддин Раҳимов ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои фароҳам кардани шароитҳои мусоид сипосгузорӣ намуд.

Капитани даста Эмомалӣ Аҳмадхон аз мухлисони футболи тоҷик барои пуштибониашон миннатдорӣ баён кард ва аз номи аҳли даста ваъда дод, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон натиҷаҳои баланд ба даст хоҳанд овард.

Футболбозони наврас баъди лаҳзаҳои аз дохили фурудгоҳ берун омадан бо шодбоши сокинон рӯ ба рӯ шуданд ва аксарият онҳоро бо гулдаста, нидоҳои "қаҳрамон" ва "ифтихори миллат" пешвоз гирифтанд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки баъди пирӯзӣ бар тимҳои Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ ё пеналтӣ ба финал баромад, дар бозии ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд ва барои аввалин бор бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

Дастаи мунтахаби наврасон савори автобуси дуошёна, ки барои аввалин бор дар Душанбе бо ибтикори шаҳрдорӣ ба мусофиркашӣ шурӯъ хоҳад кард, роҳии Варзишгоҳи ҷумҳуриявии марказӣ шуданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, инчунин соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозигарони зери 17-сола гардид, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG