Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Керч даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. ВИДЕО


Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар натиҷаи таркиши маводи мунфаҷира дар як Коллеҷи шаҳри Керч 18 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш рӯзи 17-уми октябр дар Омӯзишгоҳи политехникии ин шаҳри воқеъ дар Қрим рух дод. Қрим соли 2014 аз ҷониби Русия ғасб шудааст.

Хабаргузориҳои давлатӣ бо такя ба Кумитаи миллии зиддитеррористӣ гуфтанд, ки таркиш дар натиҷаи инфиҷори маводи тарканда рух дод. Дар хабарҳои аввал сабаби рӯй додани ҳодисаро таркиши балони газ гуфтанд, вале сухангӯи ширкати газ дафъатан чунин иддаоро рад кард. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ созишномае дар бораи таъмини гази табиӣ ба коллеҷ вуҷуд надорад.

Чанд кушта ва захмӣ дар таркиши Коллеҷи техникии Керч
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

ТАСС бо такя ба як манбаи беном дар мақомоти интизомӣ гуфт, дар ин ҳодиса 70 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, 18 нафар ба бемористон интиқол ёфта, интизор меравад, ки шумори онҳо бештар шавад.

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва дигар мошинҳои хадамоти изтирорӣ ба маҳалли ҳодиса шитофтанд. Бархе манбаъҳо гуфтанд, ки макони таркиш кафеи ин муассисаи таълимӣ будааст.

Керч нуқтаи ғарбии пули навсохтест, ки Русияро бо нимҷазираи Қрим мепайвандад. Ин пул баъди он сохта шуд, ки дар ҳодисаҳои чаҳор соли пеш президенти рӯ ба Кремлини Украина Виктор Янукович аз қудрат берун карда шуд ва нирӯҳои рӯ ба Аврупо дар Киев сари кор омаданд.

Русия ба ин минтақа нирӯ фиристод, ин маконро таҳти назорати амниятӣ қарор дод ва референдуме баргузор кард, ки Украинаи қонуниро рад мекунад. Вале натиҷаҳои референдумро, ки гӯиё бо ҷонибдории мардум аз пайвастан ба Русия анҷомид, на Украина, на Амрико ва на 100 кишвари дигари ҷаҳон эътироф накарданд.

Фаъолони ҳуқуқ гуфтанд, ки мақомоти ҳифзи қонун ва додгоҳҳо маъракаи муҷозоти он сокинони Қримро шурӯъ карданд, ки мухолифи баргузории референдум ва пайвастшавӣ ба Русия мебошанд.

Маъмулан таркишҳо дар қаламравҳои собиқ Шӯравӣ хусусияти маишӣ дошта, дар пайи хориҷ шудани газ дар ошхонаҳои хонаҳои сокинон рух додааст. Вале таркиши бомба дар солҳои 1990 ва 2000-ум дар замони ҷанги ҷудоихоҳон дар Чеченистон зиёд сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG