Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз як аҳдномаи муҳим бо Русия хориҷ мешавад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишварашро аз як аҳдномаи калидии манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва имзошуда дар замони Ҷанги Сард бо Русия хориҷ мекунад. Ӯ дар ин бора 20-уми октябр ва дар рӯзе суҳбат кард, ки Ҷон Болтон мушовири амниятӣ дар Кохи Сафед барои баррасии ин масъала ба Русия сафар кард.

Қарор аст, Ҷон Болтон дар Маскав бо раиси ҷумҳур Владимир Путин дар бораи Аҳдномаи манъи густариши мушакҳои миёнапарвози атомӣ ва дигар масоил гуфтугӯ кунад. Доналд Трамп иттиҳомоти деринаи Амрикоро такрор кард, ки гуфтааст, Русия солҳои тулонист, ки ин аҳдномаро риоят намекунад.

Ӯ гуфт, “Мо иҷоза намедиҳем, ки онҳо созишномаи атомиро нақз кунанд ва силоҳеро бисозанд, ки мо ҳаққи сохтани онро надорем. Мо ҳам бояд чунин аслиҳа бисозем ва то замоне, ки Русия ва Чин ба назди мо оянд ва гӯянд, ки биёед дар воқеъ закӣ бошем ва ҳеҷ яке аз мо чунин аслиҳа насозем.“

Ба қавли ӯ ҳам Чин ва ҳам Русия чунин мушакҳоро месозанд ва ин барои Амрико ғайриқобили қабул аст. Аҳдномаи манъи густариши мушакҳои атомии миёнапарвозро дар соли 1987 Амрико ва Русия имзо карданд. Ба гуфтаи низомиён, ин мушакҳо ба Русия имкон медиҳад, дар муддати кӯтоҳе кишварҳои узви НАТО-ро ҳадаф бигирад.

XS
SM
MD
LG