Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду вазири дигар аз ҳукумати Эрон рафтанд


Муҳаммад Шариатмадорӣ
Муҳаммад Шариатмадорӣ

Дар идомаи канорагирии вазирон, ду вазири дигар аз мақомҳояшон дар ҳукумати Эрон истеъфо додаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи 20-уми октябр гуфт, ки Муҳаммад Шариатмадорӣ, вазири саноат ва Аббос Охундӣ, вазири роҳи Эрон мақомҳояшонро тарк кардаанд ва раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ ба онҳо барои “талошҳои самимона ва хидмати фидокорона” изҳори сипос кардааст.

Бино ба гузоришҳо, ҳарду вазир як моҳ пештар дархости истеъфо кардаанд ва дар замоне, ки порлумони Эрон барои раъйи адами эътимод ба ҳукумат талош дорад.

Вазирони кор ва иқтисоди Эрон моҳи август зери фишори вакилон истеъфо доданд, чун онҳо мегуфтанд, ки ду нафар мудирияти дурустро намедонанд ва дар буҳрони иқтисодии кишвар нақш доранд. Вазъи иқтисоди Эрон қисман ба сабаби хуруҷи Амрико аз созиши атомӣ бо Эрон ва эъмоли дигарбораи таҳримот ба зидди ин кишвар бад шуд.

XS
SM
MD
LG