Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба тасмими хориҷ шудан аз созиш бо Русия таъкид кард


Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки тасмими берун шудан аз созиши нобудсозии мушакҳои миёнаву дурпарвоз на танҳо ба он хотир гирифта шуд, ки Маскав ин санадро нақз кардааст, балки ин вокуниш ба талошҳои Чин дар амри дастёбӣ ба силоҳҳои ҳастаӣ аст. Дар як изҳороташ рӯзи 22 октябр Доналд Трамп гуфт, ки ин иқдоми ӯ “таҳдид ба ҳамаи онҳо, аз ҷумла Чину Русия аст, ки мехоҳанд бо ин бозӣ кунанд”. Дар ҳоле, ки Чин созишномаи ҷилавгирӣ аз силоҳҳои соли 1987-ро имзо накардааст, ба андешаи Трамп ин кишвар бояд ба ин феҳраст ворид карда шавад.

Ишораи Трамп баъди он буд, ки мушовири амнияти миллии президенти Амрико Ҷон Болтон дар Маскав бо мақомоти рус мулоқот кард. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ҳама гуна талоши ИМА барои хориҷ шудан аз созишнома “хатарнок” хоҳад буд ва Маскавро водор мекунад, ки барои ҳифзи мувозинати қудрат иқдом кунад. Болтон қарор аст 23 октябр сари ин мавзӯъ бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯ кунад. Вазорати хориҷаи Чин талоши эҳтимолии Амрико барои ба музокирот ҷалб кардани Пекинро маҳкум карда ҳушдор дод, ки Вашингтон “бори дигар андеша кунад”.

XS
SM
MD
LG