Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: Куштори Ҷамол Хошуқҷӣ "тарҳрезишуда" буд


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки куштори журналисти Саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ чанд рӯз пеш аз маргаш “барномарезӣ” шуда буд. Рӯзи 23 октябр зимни суханронӣ дар ҷаласаи парлумон дар баробари аъзои ҳизби ҳоким Эрдуғон гуфт, ки ҷосусҳои саудӣ як рӯз пеш аз қатли шореҳи “Вашингтон пост” ба Туркия расиданд.

Хошуқчӣ рӯзи 2 октябр баъди ворид шуданаш ба консулгарии Саудӣ дар Истамбул нопадид шуд. Ӯ мехост дар ин ҷо санадҳои заруриро барои омодагӣ ба издивоҷаш дарёфт кунад. Эрдуғон гуфт, ки як тими иборат аз 15 нафар вориди консулгарӣ шуда, се нафари дигар барои омӯзиши ҷангалҳои “Белград”-и воқеъ дар канораҳои Истамбул рафтанд.

Баъди чанд ҳафтаи иттилои зиддунақиз, ниҳоят ҳукумати Саудӣ гуфт, ки Хошуқчӣ дар дохили консулгарӣ дар натиҷаи як занозанӣ ва “амалиёти иштибоҳӣ” кушта шуд.

Эрдуғон гуфт, ки новобаста ба мақом ва мартабааш, мақомоти Саудӣ бояд исми таҳиякунандаи ин нақшаро фош кунанд ва гумонбарон бояд дар додгоҳи Истамбул ҳозир шаванд. Президенти Туркия гуфт, ки Хошуқчӣ як қурбонии “куштори ваҳшиёна” шуд ва ин ҳодиса набояд пинҳон монад.

XS
SM
MD
LG