Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян аъзои парлумонро дар "саботаж" муттаҳам кард


Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян аъзои парлумонро, ки қарор аст пароканда шавад, дар саботаж муттаҳам кард. Дар як овоздиҳӣ рӯзи 22 октябр парлумон бо ворид кардани тағйирот ба қонуни интихобот, ки тарҳи он аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуд, розӣ нашуд. Интихоботи пеш аз мӯҳлат қарор аст моҳи декабр баргузор шавад.

Тарҳи қонуни нави интихобот, ки рӯзи 16 октябр аз ҷониби ҳукумат ба баррасии парлумон пешниҳод шуд, дар баробари чанд тағйироти дигар, инчунин тағйири механизми тақсими курсиҳоро дар маҷлис пешбинӣ мекунад. Қонунгузории амалкунанда, ба бовари муаллифони тағйирот, бо назардошти манфиати ҳизби Ҷумҳурихоҳи Серж Саркисян таҳия шудааст, ки ба апрели соли 2017 бармегардад.

Бар асоси конститсияи Арманистон, барои қабули тағйирот ба қонуни интихобот, аз 105 узви маҷлис бояд ҳадди аққал 63 нафар раъйи мусбат диҳанд. Тарҳи тағйирот ба қонунро танҳо 56 депутат ҷонибдорӣ карданд. Ҳизби Саркисян мухолифи қабули ин тарҳ овоз дод. Мухолифон гуфтанд, ки барои омӯзиши тарҳи қонуни нав фурсати кофӣ надоштанд. Муовини раиси ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфт, ки қонуни интихобот наметавонад дар фурсати ду моҳ пеш аз худи интихобот дигар шавад.

XS
SM
MD
LG