Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ мехоҳад шарики Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бошад


Вазири корҳои хориҷии Саудӣ Одил Аҷ-Ҷубайр
Вазири корҳои хориҷии Саудӣ Одил Аҷ-Ҷубайр

Арабистони Саудӣ ният дорад ҳамкори Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой шавад. Дар ин бора рӯзи сешанбе дабири кулли СҲШ Рашид Олимов хабар додааст. Оҷонсии ТАСС менависад, «мо номаи вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ Одил Аҷ-Ҷубайрро дарёфт кардем, ки мегӯяд, ин кишвар мехоҳад «шарики муколамакунандаи» ин созмон бошад».

Рашид Олимов, ки дар қароргоҳи созмон дар шаҳри Пекин ба сар мебарад, гуфт, ин хабарро сафири Саудия дар Чин Турки Алмадӣ ҳам тасдиқ кард. Алмадӣ гуфтааст, «ин кишвар бояд дар ин созмон ҳузур дошта бошад». Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой июни соли 2001 аз ҷониби шаш кишвари узв – Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуд. Июни соли гузашта Ҳинду Покистон аъзои комилҳуқуқи ин созмон шуданд. Бархе кишварҳои дигар, мисли Афғонистону Эрон мақоми нозир ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шарикони муколамакунандаи ин созмон мебошанд.

XS
SM
MD
LG